bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Titus 2
Titus 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
1
Валекин ту суҳанонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ.
2
Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;
3
Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,
4
То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд,
5
Боисмат, пок, ғамҳори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.
6
Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд.
7
Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,
8
Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад.
9
Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд,
10
Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд.
11
Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,
12
Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем,
13
Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,
14
Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.
15
Инро бигӯ ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиноӣ накунад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3