bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Titus 3
Titus 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Ба онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайёр бошанд,
2
Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.
3
Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.
4
Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, —
5
Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст.
6
Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,
7
То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
8
Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.
9
Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.
10
Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки як‐ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,
11
Чун медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, ҳудро маҳкум менамояд.
12
Вақте ки Артемос ё Тӯхикӯсро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпӯлис назди ман биёӣ, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.
13
Зеноси қонундон ва Апӯллӯсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
14
Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.
15
Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3