bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Hebrews 5
Hebrews 5
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
1
Ҳар саркоҳин аз байни мардум барои он интихоб мешавад, ки дар пеши Худо намояндаи онҳо бошад. Вазифаи вай аз ин иборат аст, ки ҳадяҳои мардумро ба Худо тақдим намояду барои гуноҳҳо қурбонӣ кунад.
2
Ӯ ба онҳое, ки надониста гуноҳ мекунанд ё гумроҳ мешаванд, метавонад, бо дилсӯзӣ муносибат кунад, чунки аз худаш ҳам хатоӣ сар мезанад.
3
Аз ин рӯ саркоҳин бояд на фақат барои гуноҳҳои халқ, балки барои гуноҳҳои худ низ қурбонӣ кунад.
4
Ҳеҷ кас ин ифтихори саркоҳин шуданро худаш ба даст оварда наметавонад. Ӯ бояд аз тарафи Худо ба мисли Ҳорун, ки саркоҳини аввал буд, барои ин хизмат даъват шавад.
5
Масеҳ ҳам ифтихори саркоҳин шуданро Худ ба даст наовардааст, балки Худо бо чунин суханон «Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам» ба Ӯ ин ифтихорро дод.
6
Инчунин Худо дар ҷойи дигари навиштаҷот гуфтааст: «Ту то абад коҳин ба мисли Малкисодақ ҳастӣ ».
7
Масеҳ ҳангоми ҳаёти заминиаш бо фарёдҳои баланд ва ашкрезиҳо ба Ҳамоне, ки қудрати аз марг халос кардани Ӯро дошт, дуо ва илтиҷо кард. Дуояш ба хотири худотарс буданаш мустаҷоб шуд.
8
Ҳарчанд Писар бошад ҳам, бояд дар амал дарду азоб мекашид, то ки аз таҷрибаи Худ маънии итоатро омӯзад.
9
Ба воситаи ҳамин Исо саркоҳини комил гардида, барои ҳамаи итоаткоронаш Худ сарчашмаи наҷоти абадӣ гардид.
10
Ва Ӯ аз ҷониби Худо саркоҳини ба мисли Малкисодақ таъйин шудааст.
11
Дар ин бора чизҳои бисёре гуфтанӣ дорем, лекин фаҳмондан ба шумо душвор аст, чунки гапҳо ба гӯшҳои шумо намедароянд.
12
Шумо ки солҳои зиёд имондор ҳастед, кайҳо боз мебоист муаллими дигарон мешудед. Лекин ҳоло ба худи шумо муаллиме даркор аст, ки асосҳои таълимоти Худоро ба шумо омӯзонад. Шумо мисли кӯдаки навзод ҳастед, ки на ба хӯроки сахт, балки ба шир муҳтоҷед.
13
Касе ки ҳанӯз шир мехӯрад, нишон медиҳад, ки дар зиндагии рӯҳонӣ ақибмонда аст ва то ҳол дурустро аз нодуруст фарқ намекунад.
14
Аммо чунон ки хӯроки боқувват барои калонсолон аст, таълимоти боқувват низ барои онҳоест, ки ба камол расидаанд. Чунки онҳо барои сиёҳро аз сафед фарқ кардан ботаҷриба шудаанд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13