bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Revelation 13
Revelation 13
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 14 →
1
Сипас, дидам, ки аз баҳр ҳайвони ваҳшие мебарояд. Вай ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар шохҳои вай даҳ тоҷи хурд буд ва дар сарҳояш номҳои ҳақоратомез навишта шуда буданд.
2
Ҳайвон монанди паланг буд, аммо пойҳояш мисли пойҳои хирс ва даҳонаш мисли даҳони шер буд. Аждаҳор ба ин ҳайвон қувват, тахт ва қудрати бузурги худро дод.
3
Чунин менамуд, ки як сари ҳайвон захми марговар дошт, лекин сиҳат шуд. Тамоми дунё ҳайвонро бо ҳайрат пайравӣ мекард.
4
Мардум аждаҳорро парастиш мекарданд, чунки ба ҳайвон қудрат дода буд. Ҳамчунин ҳайвони ваҳширо парастишкунон гуфтанд: «Кист, ки ба ҳайвон ваҳшӣ монанд бошад?! Кист, ки бо вай ҷанг карда тавонад?!»
5
Ба ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландонаву ҳақоратомез мегуфт. Ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ ҳукмронӣ намояд.
6
Вай даҳони худро бар зидди Худо боз кард, то ки ному манзили Ӯ ва ҳамаи сокинони осмонро дашном диҳад.
7
Ҳайвон ба ихтиёри худ гузошта шуда буд, ки бар зидди имондорони муқаддас ҷангида, ғолиб ояд. Ба вай қудрат дода шуда буд, ки бар тамоми қавму халқу забону миллатҳо ҳукмронӣ намояд.
8
Инак, ҳамаи сокинони замин ҳайвонро парастиш хоҳанд кард. Зеро номҳои онҳо аз замони бунёдгузории дунё дар китоби ҳаёти Барра, ки кушта шуд, навишта нашудааст.
9
Ҳар кӣ гӯш дорад, он чиро ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон мегӯяд, бишнавад!
10
Ба кӣ асирӣ насиб карда бошад – равад ба асирӣ, Ба кӣ дами шамшер насиб шуда бошад – афтад зи шамшер! Ҳамаи ин аз имондорони муқаддас сабру тоқат ва имон талаб мекунад.
11
Сипас, ҳайвони ваҳшии дигарро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай ба монанди барра ду шох дошт, лекин ҳамчун аждаҳор гап мезад.
12
Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони якумро истифода бурда, аз номи ӯ амал мекард. Вай сокинони заминро маҷбур менамуд, ки ҳайвони якумро парастиш кунанд, яъне ҳамонеро, ки захми марговараш сиҳат шудааст.
13
Ин ҳайвони дуюм аломатҳои бузург нишон медиҳад ва ҳатто дар пеши чашми одамон аз осмон ба замин оташ меборонад.
14
Ӯ бо ин аломатҳо, ки барои нишон доданашон ҳайвони якум иҷозат дода буд, сокинони заминро гумроҳ мекард. Вай ба онҳо фармуд, ки ҳайкали ҳайвонро бисозанд – ҳамон ҳайвонро, ки аз шамшер захмин шуд, вале зинда монд.
15
Ба ҳайвони дуюм қувват дода шуд, ки ҳайкали ҳайвонро зинда кунад. Ба тарзе ки ҳайкал сухан ва амал карда тавонад ва одамоне, ки вайро парастиш намекунанд, кушта шаванд.
16
Ҳамчунин вай ҳама одамонро, яъне хурду калон, сарватманду камбағал, озоду ғуломро маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешонии худ нишона зананд,
17
то касе ба ҷуз онҳое, ки нишона доранд, хариду фурӯш карда натавонад. Нишона ном ё рақами номи ҳайвон аст.
18
Ин ҷо ҳикмат даркор аст. Одами бофаҳм бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад. Зеро ин рақами одамист ва он шашсаду шасту шаш аст.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22