bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Revelation 5
Revelation 5
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 6 →
1
Сипас, дар дасти рости Худо, ки бар тахт менишаст, китоберо дидам. Китоб аз пушту пеш навишта ва бо ҳафт муҳр баста шуда буд.
2
Инак фариштаи тавоноеро дидам, ки бо овози баланд эълон мекунад: «Кӣ сазовор аст, ки муҳрҳои ин китобро канда, онро кушояд?»
3
Аммо касе дар осмону замин ва зери замин ёфт нашуд, ки он китобро кушода ё ба дарунаш нигоҳ карда тавонад.
4
Ман зор-зор гиря кардам, чунки каси сазоворе ёфт нашуд, ки китобро кушояд ё ба даруни он нигоҳ кунад.
5
Он гоҳ яке аз пирон ба ман гуфт: «Гиря накун! Нигар, Шере аз қабилаи Яҳудо, яъне Исо ғолиб омад. Ӯ решаи шоҳ Довуд аст ва ҳафт муҳрро канда, китобро кушода метавонад».
6
Баъд дидам, ки дар миёнаҷойи тахт ва дар иҳотаи чор махлуқу пирон Баррае, ки қурбонӣ шуда буд, зинда меистод. Барра ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо буда, ба тамоми замин фиристода шудаанд.
7
Инак, Барра наздик шуда, аз дасти рости Тахтнишин, яъне Худо китобро гирифт.
8
Ҳангоми гирифтани китоб чор махлуқ ва бисту чор пир худро пеши пойҳои Барра партофтанд. Ҳар кадомашон асбоби мусиқии торӣ ва косаи тиллои пур аз сӯхтаниҳои хушбӯй доштанд, ки он дуоҳои халқи Худост.
9
Онҳо суруди нав сароида, мегӯянд: «Ту лоиқи гирифтани китоб ва кандани муҳрҳои он ҳастӣ. Зеро Ту кушта шудӣ ва бо нархи хуни Худ одамонро аз ҳар қавм, забон, халқ ва миллат барои Худо харидӣ!
10
Ту онҳоро барои Худои мо дар Подшоҳии Ӯ коҳин таъйин кардӣ ва онҳо дар замин подшоҳӣ хоҳанд кард».
11
Сипас, дар гирди тахту махлуқон ва пирон фариштагони зиёдеро дидам, ки шумораашон беҳисоб буд.
12
Шунидам, ки онҳо бо овози баланд мегӯянд: «Барраи кушташуда лоиқи қудрату сарват, ҳикмату қувват ва бузургиву ситоишу эҳтиром аст!»
13
Баъд шунидам, ки ҳар офаридаи осмону замин ва зери замину даруни баҳр чунин суруд мехонанд: «Ба Тахтнишину Барра ситоиш ва эҳтиром, шаъну шараф ва қудрат то абад бод!»
14
Он гоҳ чор махлуқ гуфтанд: «Омин!» Ва пирон рӯ ба замин ниҳода, саҷда карданд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22