bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Timothy 1
1 Timothy 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
1
Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,
2
Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
3
Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд
4
Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоён машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад.
5
Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,
6
Ки баъзе касон аз он баргашта, ба ёвагӯӣ моил шудаанд,
7
Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегӯянд, на он чиро, ки даъво мекунанд.
8
Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад,
9
Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,
10
Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,
11
Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.
12
Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, —
13
Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;
14
Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд.
15
Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.
16
Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.
17
Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.
18
Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,
19
Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;
20
Аз он ҷумла Хумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагӯянд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6