bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Timothy 4
1 Timothy 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
1
Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,
2
Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,
3
Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.
4
Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,
5
Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.
6
Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.
7
Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;
8
Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.
9
Дуруст аст ин сухан ва сазовори қабули куллӣ.
10
Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.
11
Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.
12
Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.
13
То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав.
14
Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.
15
Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.
16
Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6