bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Timothy 6
1 Timothy 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
1
Ғуломоне ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.
2
Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинанд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.
3
Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —
4
Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона
5
Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
6
Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.
7
Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем.
8
Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.
9
Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд.
10
Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.
11
Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанӣ бирав;
12
Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.
13
Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям,
14
Ки ҳукмро то вақти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ,
15
Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод,
16
Ки танҳо Ӯ Ҳайи лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
17
Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;
18
Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд
19
Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки хаёти ҷовидониро аз они худ созанд.
20
Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,
21
Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
All chapters:
1
2
3
4
5
6