bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Galatians 2
Galatians 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
1
Сонӣ ман, пас аз чордаҳ сол, бо Барнаббо боз ба Ерусалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам.
2
Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам.
3
Аммо Титус низ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вуҷуди юнонӣ буданаш, маҷбур нашуд, ки махтун гардад:
4
Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Исои Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:
5
Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад.
6
Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, — онҳо ягон вақт ҳар чӣ хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, — ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;
7
Балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус, —
8
Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, —
9
Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳо биравем, ва онҳо назди махтунон;
10
Фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман иштиёқманд будам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.
11
Аммо вақте ки Петрус ба Антиёхия омад, ман шахсан ба ӯ мухолифат кардам, чунки ӯ айбдор буд.
12
Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок мехӯрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси махтунон худро дур кашид ва канорагирӣ кард.
13
Бо якҷоягии ӯ яҳудиёни дигар ҳам риёкорӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ саргарми риёкории онҳо шуд.
14
Аммо, чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар ҳузури ҳама ба Кифо гуфтам: «Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, на ба тариқи яҳудиён, балки ба тариқи ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур менамоӣ, ки ба тариқи яҳудиён рафтор кунанд?
15
Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён;
16
Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, — мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.
17
Аммо агар, дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, — наход ки Масеҳ ҳизматгузори гуноҳ бошад? Ба ҳеҷ сурат!
18
Зеро, агар ман он чиро, ки хароб кардаам, аз нав ба вуҷуд оварам, ман худро ҷинояткор мегардонам.
19
Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам.
20
Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
21
Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст».
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6