bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Galatians 5
Galatians 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
1
Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
2
Инак, ман, Павлус, ба шумо мегӯям: агар махтун мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ нафъ намебахшад.
3
Ва ман боз ба ҳар каси махтуншаванда шаҳодат медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.
4
Шумо, ки худро бо шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед.
5
Зеро ки мо ба воситаи Рӯҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем.
6
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.
7
Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?
8
Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест.
9
Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад.
10
Ман ба шумо дар Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре нахоҳед дошт, ва касе ки шуморо ба изтироб меандозад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум хоҳад шуд.
11
Валекин, эй бародарон, агар ман ҳозир ҳам хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро ҳанӯз гирифтори таъқибот мешавам? Дар он сурат васвасаи салиб ботил мешуд‐ку!
12
Кошки онҳое ки шуморо ба изтироб меандозанд, аз байн бурда мешуданд!
13
Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
14
Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст бидор».
15
Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.
16
Вале ман мегӯям: бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард;
17
Зеро ки ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ — хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.
18
Лекин агар роҳнамоятон Рӯҳ бошад, зери дасти шариат нестед.
19
Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,
20
Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо,
21
Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт.
22
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон,
23
Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
24
Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.
25
Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем:
26
Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6