bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Galatians 6
Galatians 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
1
Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.
2
Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.
3
Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад.
4
Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре;
5
Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт.
6
Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад.
7
Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид:
8
Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид.
9
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
10
Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.
11
Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам.
12
Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд;
13
Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд.
14
Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман — барои ҷаҳон.
15
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.
16
Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
17
Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро уқубат надиҳад, зеро ки ман ҷароҳатҳои Исои Худовандро дар бадани худ дорам.
18
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон, омин.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
All chapters:
1
2
3
4
5
6