bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jonah 2
Jonah 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
1
Ва Худованд ба моҳии бузурге фармуд, ки Юнусро фурӯ барад; ва Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд.
2
Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,
3
Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.
4
Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.
5
Ва ман гуфтам: „Аз назари Ту ронда шудаам; вале қасри қудси Туро боз хоҳам дид“.
6
Обҳо маро то ба ҷонам фаро гирифт; варта маро иҳота намуд; обсабза ба сарам печид.
7
То бехи кӯҳҳо нузул кардам; замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт; лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.
8
Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт, Худовандро ба ёд овардам, ва дуои ман ба даргоҳи Ту, ба қасри қудси Ту расид.
9
Пайравони бутҳои бекора Эҳсонкунандаи худро тарк мекунанд,
10
Лекин ман бо овози шукрона барои Ту қурбонӣ хоҳам кард; он чи назр намудаам, адо хоҳам кард. Наҷот дар дасти Худованд аст!»
11
Ва Худованд ба моҳӣ бигуфт, ва Юнусро ба хушкӣ қай кард.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4