bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jonah 3
Jonah 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
1
Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт:
2
«Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва он чиро, ки Ман ба ту фармудам, дар он мавъиза намо».
3
Ва Юнус бархоста, бар тибқи каломи Худованд ба Нинве рафт; ва Нинве шаҳри бузурги Худо буд, ки дар се рӯз давр мезаданд.
4
Ва Юнус ба даврзании шаҳр сар карда, як рӯз гашт, ва мавъиза намуда, мегуфт: «Баъд аз чил рӯз Нинве хароб хоҳад шуд!»
5
Ва мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд.
6
Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,
7
Ва амр фармуд, ки дар Нинве аз номи подшоҳ ва акобири вай ҷор зада, гӯянд, ки «одамон ва ҳайвонот, говон ва гӯсфандон чизе нахӯранд, ба чарогоҳ нараванд ва об нанӯшанд;
8
Ва одамон ва ҳайвонот палоспӯш шаванд, ва бошиддат сӯи Худо бихонанд, ва ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад;
9
Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
10
Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4