bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Jonah 4
Jonah 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
1
Юнус хеле маҳзун шуд, ва қаҳраш омад,
2
Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.
3
Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст».
4
Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?»
5
Ва Юнус аз шаҳр баромада, аз тарафи шарқии шаҳр нишаст, ва дар он ҷо барои худ хаймае сохта, зери он дар соя нишаст, то бубинад, ки дар шаҳр чӣ воқеа мешавад.
6
Ва Худованд Худо канадонае рӯёнид, ва он ба болои Юнус қад кашид, то ки бар сари ӯ соя афканда, ӯро аз маҳзунияш раҳо кунад; ва Юнус аз канадона бисьёр шод шуд.
7
Ва фардои он, ҳангоми тулӯи шафақи субҳ, Худо ба кирме фармуд, ки канадонаро занад, ва он хушк шуд.
8
Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».
9
Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
10
Он гоҳ Худованд гуфт: «Ту канадонаро дареғ медорӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва онро нарӯёнидаӣ, ки он дар як шаб пайдо шуд ва дар як шаб нобуд шуд:
11
Ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисьёре низ ҳастанд?»
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
All chapters:
1
2
3
4