bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Leviticus 2
Leviticus 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 3 →
1
Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.
2
Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
3
Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.
4
Ва агар қурбонии ҳадияи ордиро аз чизҳои дар танӯр пухташуда тақдим намоӣ, — қурсҳои фатире биёр, ки барояш орди маҳин бо равған омехта хамир карда шуда бошад; ё нончаҳои фатири тунуке биёр, ки баъд аз пухтан равған бар он молида шуда бошад.
5
Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки бар тоба пухтаӣ, — барояш бояд орди маҳин бо равған омехта хамир карда шавад, яъне он бояд фатир бошад.
6
Онро реза карда, равған бар он бирез; ин ҳадияи ордист.
7
Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки дар дег бирьён кардаӣ, — он бояд аз орди маҳин бо равған тайёр карда шавад.
8
Ва ҳадияи ордиеро, ки аз ин чизҳо тайёр карда шудааст, барои Худованд оварда, пеши коҳин мемонӣ, ва ӯ онро назди қурбонгоҳ меоварад.
9
Ва коҳин аз ҳадияи ордӣ ҳиссаи ёдгории онро бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
10
Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.
11
Ҳеҷ як ҳадияи ордие ки барои Худованд тақдим менамоед, набояд бо хамиртуруш тайёр карда шавад, зеро ки ҳеҷ як хамиртуруш ва ҳеҷ як асалро набояд барои Худованд ҳамчун қурбонии оташин бисӯзонед.
12
Онҳоро ҳамчун қурбонии навбарҳо метавонед барои Худованд тақдим намоед, вале онҳо набояд бар қурбонгоҳ барои атри гуворо бароварда шавад.
13
Ва ҳар қурбонии ҳадияи ордии худро бо намак намакин бикун, ва намаки аҳди Худои худро аз ҳадияи ордии худ дур накун; бо ҳар курбонии худ намак биёр.
14
Ва ҳангоме ки ҳадияи ордии навбарҳоро барои Худованд тақдим менамоӣ, — аз хӯшаҳои бар оташ бирьён кардашуда, аз ярмаи кӯфташуда ҳадияи ордии навбарҳои худро тақдим намо.
15
Ва равған бар он бирез, ва лебӯно бар он бимон, — ин ҳадияи ордист.
16
Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз равғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27