bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Leviticus 8
Leviticus 8
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 9 →
1
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
2
«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,
3
Ва тамоми ҷамоатро назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кун».
4
Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ба амал овард, ва ҷамоат назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ шуданд.
5
Ва Мусо ба ҷамоат гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба ҷо оварда шавад».
6
Ва Мусо Ҳорун ва писаронашро наздик овард, ва онҳоро дар об ғусл дод.
7
Ва пероханро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо камарбанд баст, ва ридоро бар ӯ пӯшонид, ва эфӯдро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо тасмаи эфӯд баста, эфӯдро ба воситаи он бар ӯ мустаҳкам намуд.
8
Ва синабандро бар ӯ гузошт, ва урим ва туммимро бар синабанд монд.
9
Ва аммомаро бар сари ӯ гузошт, ва бар аммома, аз пеш, лавҳаи тилло, яъне афсари муқаддасро ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
10
Ва Мусо равғани тадҳинро гирифт, ва маскан ва он чиро, ки дар он буд, тадҳин намуд, ва онҳоро тақдис кард.
11
Ва аз он бар қурбонгоҳ ҳафт карат пошид, ва қурбонгоҳ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояашро тадҳин намуд, то ки онҳоро тақдис кунад.
12
Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.
13
Ва Мусо писарони Ҳорунро наздик овард, ва бар онҳо пероҳанҳоро пӯшонид, ва камарбандҳоро бар камари онҳо баст, ва кулоҳҳоро бар сари онҳо ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
14
Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари гӯсолаи қурбонии гуноҳ монданд,
15
Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.
16
Ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳоро гирифт, ва Мусо онҳоро бар қурбонгоҳ сӯзонид.
17
Ва гӯсола ва пӯсташ ва гӯшташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
18
Ва қӯчқори қурбонии сӯхтаниро наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.
19
Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
20
Ва қӯчқорро ба андоми он пора кард, ва Мусо калла ва андом ва чарбуро сӯзонид.
21
Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
22
Ва қӯчқори дуюмро, ки қӯчқори гумоштанӣ ба шумор мерафт, наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.
23
Ва онро забҳ кард, ва Мусо аз хуни он гирифт, ва бар нармаи гӯши рости Ҳорун, ва бар нарангушти дасти рости ӯ, ва бар нарангушти пои рости ӯ молид.
24
Ва писарони Ҳорунро наздик овард, ва Мусо аз он хун бар нармаи гӯши рости онҳо, ва бар нарангушти дасти рости онҳо, ва бар нарангушти пои рости онҳо молид; ва Мусо он хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
25
Ва чарбу ва дунба, ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳо, ва соқи ростро гирифт;
26
Ва аз сабади фатирҳое ки ба ҳузури Худованд буд, як қурси фатир, ва як қурси нони равғанин, ва як нончаи тунукро гирифта, бар чарбу ва бар соқи рост монд.
27
Ва ҳамаи инро бар кафҳои Ҳорун ва бар кафҳои писаронаш гузошт, ва онҳоро ба ҳузури Худованд ҷунбонид.
28
Ва Мусо инҳоро аз кафҳои онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ сӯзонид: ин қурбонии гумоштанӣ барои атри гуворо буд, ин қурбонии оташин барои Худованд буд.
29
Ва Мусо синаро гирифт, ва онро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонид; ин аз қӯчқори гумоштанӣ ҳиссае барои Мусо буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
30
Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.
31
Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш гуфт: «Ин гӯштро назди дари хаймаи ҷомеъ бипазед, ва дар он ҷо онро бо ноне ки дар сабади гумоштанӣ мебошад, бихӯред, чунон ки ба ман амр фармуда гуфта шудааст: „Ҳорун ва писаронаш онро бихӯранд“.
32
Ва бақияи гӯшт ва нонро дар оташ бисӯзонед.
33
Ва аз дари хаймаи ҷомеъ ҳафт рӯз берун наравед, то рӯзе ки айёми гумоштани шумо анҷом ёбад, зеро ки гумоштани шумо бояд ҳафт рӯз ба амал ояд.
34
Чунон ки имрӯз ба амал оварда шуд, ончунон Худованд амр фармуд, ки ба амал оварда шавад, то ки барои шумо кафорат гардад.
35
Ва назди дари хаймаи ҷомеъ рӯзона ва шабона ҳафт рӯз бимонед, ва навбатдории Худовандро риоя намоед, то ки намиред, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст».
36
Ва Ҳорун ва писаронаш ҳар он чиро, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ба ҷо оварданд.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27