bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Leviticus 24
Leviticus 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 25 →
1
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
2
«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.
3
Ҳорун бояд онро берун аз пардаи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, аз шом то субҳ, ба ҳузури Худованд ба таври доимӣ бимонад; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо.
4
Бигзор чароғҳоро бар чароғдони пок ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд бимонад.
5
Ва орди маҳин бигир, ва аз он дувоздаҳ нон бипаз; барои ҳар нон бояд ду ушри эфа сарф шавад.
6
Ва онҳоро ду қатор, — шаш адад дар ҳар қатор, — бар мизи пок ба ҳузури Худованд бимон.
7
Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.
8
Дар ҳар рӯзи шанбе он бояд ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил гузошта шавад: ин аҳди абадист.
9
Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».
10
Ва писари зани исроилӣ, ки падараш марди мисрӣ буд, ба миёни банӣ‐Исроил берун омад, ва писари зани исроилӣ ва марди исроилӣ дар ӯрдугоҳ дастбагиребон шуданд.
11
Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.
12
Ва ӯро ба ҳабс гирифтанд, то даме ки ҷазояш бар тибқи амри Худованд ба онҳо эълон карда шавад.
13
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
14
«Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳамаи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари ӯ монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.
15
Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар касе ки Худои худро лаънат кунад, барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
16
Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.
17
Ва агар касе ягон одамро бикушад, вай бояд кушта шавад.
18
Ва агар касе чорпоеро бикушад, бояд талофии онро бидиҳад: чорпое дар ивази чорпое.
19
Ва агар касе ёри худро маиб кунад, ба вай ончунон амал бояд кард, чунон ки вай амал кардааст:
20
Шикаст дар ивази шикаст, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон: ҳар гуна осебе ки ӯ ба касе расонида бошад, он гуна осеб бояд ба ӯ расонида шавад.
21
Ҳар кӣ чорпоеро кушта бошад, бояд талофии онро бидиҳад; ва ҳар кӣ одамро кушта бошад, бояд кушта шавад.
22
Барои шумо, хоҳ ғариб бошед, хоҳ тубҷоӣ, як ҳукм хоҳад буд, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
23
Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва онҳо лаънаткунандаро ба беруни ӯрдугоҳ бароварданд, ва ӯро сангсор карданд; ва банӣ‐Исроил ончунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27