bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Psalms 118
Psalms 118
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 117
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 119 →
1
Хушо касони ростроҳ, ки мувофиқи шариати Худованд рафтор мекунанд.
2
Хушо онҳое ки шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд, бо тамоми дил толиби Ӯ мебошанд.
3
Ноинсофӣ низ намекунанд, бо роҳҳои Ӯ мераванд.
4
Ту фармудҳои Худро амр кардӣ, то ки онҳоро пурра ба ҷо оварем.
5
Кошки роҳҳои ман дуруст мебуд, то ки фароизи Туро нигоҳ дорам!
6
Он гоҳ хиҷил нахоҳам шуд, вақте ки ба тамоми аҳкоми Ту назар андозам.
7
Туро бо ростии дил ҳамд хоҳам гуфт, вақте ки довариҳои одилонаи Туро таълим гирам.
8
Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун.
9
Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.
10
Бо тамоми дили худ толиби Ту шудаам; маро нагузор, ки саҳв карда, аз аҳкоми Ту сар тобам.
11
Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, то ки пеши Ту хато накунам.
12
Эй Худованд, Ту муборак ҳастӣ! Фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
13
Ҳамаи довариҳои даҳони Туро бо лабҳои худ баён кардаам.
14
Дар роҳи шаҳодоти Ту хурсандам, чунон ки дар сарвати беҳтарин.
15
Дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам, ва ба роҳҳои Ту назар меандозам.
16
Аз фароизи Ту ҳаловат мебарам; каломи Туро фаромӯш нахоҳам кард.
17
Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо, то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
18
Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.
19
Ман дар замин ғариб ҳастам; аҳкоми Худро аз ман пинҳон надор.
20
Ҷонам ба лаб омадааст аз орзуи он ки довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад.
21
Бадқасдони малъунро, ки аз аҳкоми Ту сар метобанд, итоб намудаӣ.
22
Маломат ва тамасхурро аз ман дафъ кун, зеро ки шаҳодоти Туро риоя намудаам.
23
Мирон низ нишаста, ба муқобили ман сухан меронанд; аммо бандаи Ту дар бораи фароизи Ту фикру хаёл мекунад.
24
Шаҳодоти Ту низ ҳаловати ман аст, машваратчиёни ман аст.
25
Ҷонам ба хок яксон шудааст; аз рӯи каломи Худ маро зинда гардон.
26
Роҳҳои худро баён кардаам, ва маро иҷобат намудаӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
27
Тариқи фармудҳои Худро ба ман бифаҳмон, то ки дар бораи корҳои аҷоиби Ту фикру хаёл кунам.
28
Ҷонам аз андӯҳ об шудааст; аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон.
29
Роҳи кизбро аз ман дур кун, ва шариати Худро ба ман ато фармо.
30
Тариқи ростиро баргузидаам; довариҳои Туро пеши назари худ мебинам.
31
Ба шаҳодоти Ту часпидаам; Худовандо, маро хиҷил накун.
32
Бо роҳи аҳкоми Ту хоҳам давид, зеро ки диламро фараҳ хоҳӣ бахшид.
33
Тариқи фароизи Худро, эй Худованд, ба ман нишон деҳ, то ки онро то ба охир пайравӣ намоям.
34
Маро фаҳм бибахш, то ки шариати Туро пайравӣ намоям, ва онро бо тамоми дил нигоҳдорӣ кунам.
35
Маро ба роҳи аҳкоми Худ ҳидоят намо, зеро ки онро хостаам.
36
Диламро ба шаҳодоти Худ моил гардон, ва на ба тамаъкорӣ.
37
Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо; дар тариқи Худ маро зинда гардон.
38
Сухани Худро бо бандаи Худ, ки ба тарси Ту дода шудааст, иҷро намо.
39
Маломати маро, ки аз он метарсам, пешгирӣ намо, зеро ки довариҳои Ту некӯст.
40
Инак, фармудҳои Туро орзумандам; аз рӯи адолати Худ маро зинда гардон.
41
Бигзор эҳсонҳои Ту, эй Худованд, бар ман биёяд, ва наҷоти Ту мувофиқи сухани Ту,
42
То ки ба ҷавоби бадгӯи худ чизе гуфта тавонам, зеро ки ба каломи Ту таваккал кардаам.
43
Ва каломи ростиро аз даҳонам тамоман нагир; зеро ки ба довариҳои Ту умед бастаам;
44
Ва шариати Туро ҳамеша нигоҳдорӣ хоҳам кард то абад.
45
Дар вусъатобод роҳ хоҳам рафт, зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
46
Дар бораи шаҳодоти Ту пеши подшоҳон сухан хоҳам ронд, ва ор нахоҳам дошт.
47
Ва аз аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, ҳаловат хоҳам бурд.
48
Ва кафҳои худро сӯи аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, хоҳам бардошт, ва дар бораи фароизи Ту фикру хаёл хоҳам кард.
49
Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор, ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ.
50
Ин дар мусибатам тасаллои ман аст, зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд.
51
Бадқасдон маро бисьёр тамасхур карданд; бо вуҷуди он аз шариати Ту сар натофтам.
52
Довариҳои қадимии Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва тасаллӣ меёфтам.
53
Оташинӣ маро дар бар мегирад аз шарироне ки шариати Туро тарк кардаанд.
54
Фароизи Ту сурудҳои ман буд дар ғарибистони ман.
55
Шабона исми Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва шариати Туро нигоҳдорӣ мекардам.
56
Он аз они ман гардидааст, зеро ки фармудҳои Туро риоя намудаам.
57
Худованд насибаи ман аст; гуфтам, ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
58
Марҳамати Туро бо тамоми дил илтиҷо кардаам: мувофиқи сухани Худ ба ман марҳамат намо.
59
Роҳҳоямро андешидаам, ва пойҳоямро сӯи шаҳодоти Ту баргардондаам.
60
Барои нигоҳдории аҳкоми Ту шитофтаам ва дер накардаам.
61
Камандҳои шарирон маро иҳота намуд; лекин шариати Туро фаромӯш накардам.
62
Нисфи шаб мехестам, то ки Туро ҳамд гӯям барои довариҳои одилонаи Ту.
63
Ман ба ҳамаи онҳое ки аз Ту метарсанд, рафиқ ҳастам; ва ба онҳое ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ мекунанд.
64
Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
65
Ба бандаи Худ, эй Худованд, мувофиқи каломи Худ некӣ кардаӣ.
66
Ақли некӯ ва донишро ба ман таълим деҳ; зеро ки ба аҳкоми Ту имон овардаам.
67
Пеш аз он ки ба залолат афтам, ман саҳв менамудам; вале акнун сухани Туро нигоҳдорӣ мекунам.
68
Ту некӯ ва некӯкор ҳастӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
69
Бадқасдон дар ҳаққи ман дурӯғ мебофанд; лекин ман бо тамоми дил фармудҳои Туро пайравӣ хоҳам кард.
70
Дили онҳо мисли дунба равған бастааст; лекин ман аз шариати Ту ҳаловат мебарам.
71
Барои ман некӯст, ки уқубат кашидаам, то ки фароизи Туро таълим гирам.
72
Барои ман шариати даҳони Ту беҳ аст аз ҳазорҳо тилло ва нуқра.
73
Дастҳои Ту маро офаридааст ва барпо кардааст; маро фаҳм бибахш, то ки аҳкоми Туро таълим гирам.
74
Тарсгорони Ту маро дида, шод хоҳанд шуд, зеро ки ба каломи Ту умед бастаам.
75
Медонам, эй Худованд, ки довариҳои Ту одилона аст; ва маро барҳақ уқубат додаӣ.
76
Пас, бигзор эҳсони Ту тасаллои ман гардад; мувофиқи сухани Ту бо бандаи Ту.
77
Бигзор марҳамати Ту бар ман биёяд, то ки зинда шавам; зеро ки шариати Ту ҳаловати ман аст.
78
Бигзор бадқасдон хиҷил шаванд, зеро ки ноҳақ ба ман ноинсофӣ карданд; аммо ман дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам.
79
Бигзор тарсгорони Ту сӯи ман баргарданд, ва шаҳодоти Туро бидонанд.
80
Бигзор дилам дар фароизи Ту комил бошад, то ки хиҷил нашавам.
81
Ҷонам барои наҷоти Ту хаста мешавад: ба каломи Ту умед бастаам.
82
Чашмонам барои сухани Ту хаста мешавад; мегӯям: «Кай маро тасаллӣ хоҳӣ дод?»
83
Зеро ки мисли машки дудхӯрда гардидаам; аммо фароизи Туро фаромӯш накардаам.
84
Чӣ қадар аст рӯзҳои бандаи Ту? Таъқибкунандагони маро кай доварӣ хоҳӣ кард?
85
Бадқасдон, ки ба шариати Ту мувофиқ нестанд, барои ман чоҳҳо канданд.
86
Тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост; маро ноҳақ таъқиб мекунанд; ба ман ёварӣ намо.
87
Кам монда буд, ки дар замин кори маро тамом кунанд; валекин ман фармудҳои Туро тарк накардам.
88
Аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон, то ки шаҳодати даҳони Туро нигоҳдорӣ кунам.
89
Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст.
90
Садоқати Ту то абадуддаҳр аст; заминро офаридаӣ, ва он истодааст.
91
Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд; зеро ки ҳама бандаи Ту ҳастанд.
92
Агар шариати Ту ҳаловати ман намебуд, дар мусибати худ нобуд мешудам.
93
Фармудҳои Туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард; зеро ки бо онҳо маро зинда гардондаӣ.
94
Ман аз они Ту ҳастам, маро наҷот деҳ; зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
95
Шарирон маро поида гаштаанд, то ки маро нобуд кунанд; аммо ман шаҳодоти Туро муроқиба менамоям.
96
Барои ҳар камоле заволе дидаам; аммо аҳкоми Ту бағоят васеъ аст.
97
Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст.
98
Аҳкоми Ту маро аз душманонам зиёдтар ҳикмат омӯхтааст; зеро ки он ҳамеша бо ман аст.
99
Аз ҳамаи муаллимони худ донотар шудаам; зеро ки фикру хаёлам дар бораи шаҳодоти Туст.
100
Аз пирон бомаърифаттар шудаам; зеро ки фармудҳои Туро риоя менамоям.
101
Аз ҳар гуна роҳи бад пойҳоямро боздоштаам, то ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
102
Аз дастурҳои Ту дур нашудаам, зеро ки Ту маро таълим медиҳӣ.
103
Чӣ ширин аст сухани Ту ба коми ман! Ва ба даҳонам аз асал ширинтар аст.
104
Аз фармудҳои Ту бомаърифат шудаам; бинобар ин аз ҳар гуна роҳи кизб нафрат дорам.
105
Каломи Ту чароғ аст барои поям; ва нур аст барои роҳам.
106
Қасам хӯрдаам ва онро ба ҷо хоҳам овард, ки довариҳои одилонаи Туро нигоҳдорӣ кунам.
107
Бисьёр ба залолат афтодаам; Худовандо, мувофиқи каломи Худ маро зинда гардон.
108
Ба ҳадияҳои даҳонам таваҷҷӯҳ намо, эй Худованд! Ва дастурҳои Худро ба ман таълим деҳ.
109
Ҷонам ҳамеша дар кафи ман аст; вале шариати Туро фаромӯш намекунам.
110
Шарирон барои ман дом ниҳодаанд; вале аз фармудҳои Ту дур нашудаам.
111
Шаҳодоти Туро то абад мероси худ кардаам; зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст.
112
Диламро ба иҷрои фароизи Ту моил кардаам; ба сурати абадӣ, то ба охир.
113
Аз ҳардамхаёлон нафрат дорам; вале шариати Туро дӯст медорам.
114
Паноҳ ва сипари ман Ту ҳастӣ; ба каломи Ту умед бастаам.
115
Аз ман дур шавед, эй бадкешон! Аҳкоми Худои худро пайравӣ хоҳам кард.
116
Маро мувофиқи сухани Худ дастгирӣ намо, то ки зинда шавам; ва аз умедам хиҷил нагардон.
117
Ба ман ёварӣ намо, то ки наҷот ёбам; ва ҳамеша ба фароизи Ту назар дӯзам.
118
Ҳамаи онҳоеро, ки аз фароизи Ту дур шудаанд, вожгун кардаӣ; зеро ки найранги онҳо бефоида аст.
119
Ҳамаи шарирони заминро мисли занги оҳан тарошида нест мекунӣ; бинобар ин шаҳодоти Туро дӯст доштаам.
120
Аз тарси Ту мӯи баданам сих шудааст; ва аз довариҳои Ту метарсам.
121
Инсоф ва адолатро пеша кардаам; маро ба ситамгаронам таслим накун.
122
Бар нафъи бандаи Худ зомин шав, то ки бадқасдон ба ман ситам накунанд.
123
Чашмонам барои наҷоти Ту хаста мешавад, ва барои сухани адолати Ту.
124
Бо бандаи Худ аз рӯи эҳсони Худ амал намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
125
Ман бандаи Ту ҳастам; маро фаҳм бибахш, то ки шаҳодоти Туро дарк намоям.
126
Вақти он аст, ки Худованд амал кунад; шариати Туро поймол кардаанд.
127
Лекин ман аҳкоми Туро дӯст медорам, бештар аз тилло ва зари холис.
128
Бинобар ин ҳамаи фармудҳои Туро дар ҳар бобат рост мешуморам; аз ҳар роҳи кизб нафрат дорам.
129
Шаҳодоти Ту аҷоиб аст; бинобар ин ҷонам онҳоро риоя мекунад.
130
Оғози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад.
131
Даҳонамро васеъ кушода нафас мегирам; зеро ки ташнаи аҳкоми Ту ҳастам.
132
Ба ман лутф ва марҳамат намо; чунон ки дӯстдорони исми Туро сазовор аст.
133
Қадамҳоямро дар сухани Худ устувор гардон; ва ҳеҷ бадиро нагузор, ки бар ман ҳукмрон шавад.
134
Маро аз ситами одамизод раҳоӣ деҳ, то ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ кунам.
135
Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
136
Ҷӯйборҳои об аз чашмонам равон аст, аз дасти онҳое ки шариати Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
137
Ту, эй Худованд, одил ҳастӣ, ва довариҳои Ту ҳақ асту рост.
138
Шаҳодоти Худро бо адолат амр фармудаӣ, ва бо ростии мутлақ.
139
Рашки ман кори маро тамом кардааст, зеро ки адуёнам каломи Туро фаромӯш кардаанд.
140
Сухани Ту бағоят покиза аст, ва бандаи Ту онро дӯст медорад.
141
Ман хурд ва ҳақир ҳастам, аммо фармудҳои Туро фаромӯш накардаам.
142
Адолати Ту адолат аст то абад, ва шариати Ту ҳақ асту рост.
143
Тангӣ ва кулфат маро дарьёфтааст; аҳкоми Ту ҳаловати ман аст.
144
Адолати шаҳодоти Ту то абад аст; маро фаҳм бибахш, то ки зинда шавам.
145
Бо тамоми дил мехонам: маро иҷобат намо, эй Худованд, то ки фароизи Туро пайравӣ намоям.
146
Туро мехонам: маро наҷот деҳ, то ки шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ кунам.
147
Пеш аз дамидани субҳ хеста, истиғоса мебарам; ба каломи Ту умед бастаам.
148
Чашмонам дар посҳои шаб кушода мешавад, то ки дар бораи сухани Ту фикру хаёл кунам.
149
Овози маро аз рӯи эҳсони Худ бишнав; Худовандо, аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
150
Шавқмандони фисқу фуҷур наздик омадаанд; онҳо аз шариати Ту дур ҳастанд.
151
Ту, эй Худованд, наздик ҳастӣ, ва тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост.
152
Аз қадим шаҳодоти Туро донистаам, ки онҳоро ба сурати абадӣ буньёд кардаӣ.
153
Ба мусибатам назар кун ва маро раҳоӣ деҳ, зеро ки шариати Туро фаромӯш накардаам.
154
Доди маро бигир ва маро бираҳон; мувофиқи сухани Худ маро зинда гардон.
155
Аз шарирон наҷот дур аст, зеро ки толиби фароизи Ту нестанд.
156
Марҳаматҳои Ту бисьёр аст, эй Худованд; аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
157
Таъқибкунандагонам ва адуёнам бисьёранд; лекин аз шаҳодоти Ту сар натофтаам.
158
Хоинонро мебинам ва мутанаффир мешавам, чунки онҳо сухани Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
159
Бубин, ки фармудҳои Туро дӯст медорам; Худовандо, аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон.
160
Таҳкурсии каломи Ту ҳақ асту рост, ва ҳар доварии одилонаи Ту то абад аст.
161
Мирон маро бар абас таъқиб мекунанд; вале дилам аз каломи Ту метарсад.
162
Аз сухани Ту шодмонам, мисли касе ки ғанимати бисьёре ба даст оварда бошад.
163
Аз кизб кароҳат дорам ва мутанаффир мешавам; шариати Туро дӯст медорам.
164
Рӯзе ҳафт карат Туро мадҳ менамоям барои довариҳои одилонаи Ту.
165
Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад.
166
Ба наҷоти Ту, эй Худованд, умед бастаам, ва аҳкоми Туро иҷро мекунам.
167
Ҷонам шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунад; онҳоро бағоят дӯст медорам.
168
Фармудҳои Туро, ва шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунам, зеро ки ҳамаи роҳҳоям пеши назари Туст.
169
Бигзор тазаррӯи ман пеши Ту, эй Худованд, наздик шавад; мувофиқи каломи Худ маро фаҳм бибахш.
170
Бигзор истиғосаам пеши Ту бирасад; мувофиқи сухани Худ маро халосӣ деҳ.
171
Лабҳоям ҳамду санои Туро ифода хоҳад кард, вақте ки фароизи Худро ба ман таълим диҳӣ.
172
Забонам сухани Туро хоҳад сароид, зеро ки тамоми аҳкоми Ту адл аст.
173
Бигзор дасти Ту мададгори ман бошад, зеро ки фармудҳои Туро баргузидаам.
174
Орзуманди наҷоти Ту ҳастам, эй Худованд, ва шариати Ту ҳаловати ман аст.
175
Бигзор ҷонам зинда бошад, то ки Туро мадҳ кунад; ва довариҳои Ту ба ман мадад расонанд.
176
Мисли гӯсфанди гумшуда роҳро гум кардаам: бандаи Худро талаб кун, зеро ки аҳкоми Туро фаромӯш накардаам.
← Chapter 117
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 119 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66
67
68
69
70
71
72
73
74
75
76
77
78
79
80
81
82
83
84
85
86
87
88
89
90
91
92
93
94
95
96
97
98
99
100
101
102
103
104
105
106
107
108
109
110
111
112
113
114
115
116
117
118
119
120
121
122
123
124
125
126
127
128
129
130
131
132
133
134
135
136
137
138
139
140
141
142
143
144
145
146
147
148
149
150