bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Psalms 77
Psalms 77
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 76
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 78 →
1
Суруди таълимии Ософ. Эй қавми ман, таълими маро бишнавед, гӯши худро сӯи суханони даҳонам хам кунед.
2
Даҳонамро ба масал мекушоям, муаммоҳои замони қадимро баён менамоям.
3
Он чи шунидаем ва донистаем, ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд,
4
Аз фарзандони онҳо пинҳон нахоҳем дошт: ҳамду санои Худовандро, ва қуввати Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба насли оянда ҳикоят хоҳем кард.
5
Шаҳодате дар Яъқуб барпо кард, ва шариате дар Исроил муқаррар намуд, ва ба падарони мо амр фармуд, ки онҳоро ба фарзандони худ маълум кунанд,
6
То ки насли оянда, фарзандоне ки таваллуд хоҳанд шуд, бидонанд, ва бархезанду ба фарзандони худ ҳикоят кунанд;
7
Ва ба Худо таваккал намоянд, ва корҳои Худоро фаромӯш накунанд, ва аҳкоми Ӯро нигоҳ доранд;
8
Ва монанди падарони худ насли саркаш ва исьёнгар нашаванд, насле ки ростдил набуданд, ва рӯҳашон ба Худо садоқат надошт.
9
Банӣ‐Эфроим, ки мусаллаҳ ва камондор буданд, дар рӯзи корзор ақиб гаштанд;
10
Аҳди Худоро нигоҳ надоштанд, ва аз рафтан бо роҳи шариати Ӯ сар кашиданд;
11
Ва корномаҳои Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки ба онҳо нишон дод, фаромӯш карданд.
12
Дар пеши назари падарони онҳо Ӯ дар замини Миср, дар саҳрои Сӯан корҳои аҷоиб кард.
13
Баҳрро аз ҳам ҷудо кард, ва онҳоро гузаронд, ва обҳоро мисли деворе барқарор намуд.
14
Ва рӯзона онҳоро бо абр бурд, ва тамоми шаб бо нури оташ.
15
Дар биёбон кӯҳпораҳоро шикоф кард, ва онҳоро гӯё аз вартаҳои азим нӯшонид.
16
Ва аз сахра селобҳоро берун овард, ва обҳоро мисли дарьёҳо ҷорӣ кард.
17
Ва боз пеши Ӯ хато карданд, ба Ҳаққи Таоло дар биёбон беитоатӣ нишон доданд.
18
Ва Худоро дар дили худ озмуда, ба муддаои нафси худ хӯрок хостанд.
19
Ва бар зидди Худо сухан ронда, гуфтанд: «Оё Худо дар биёбон суфра ороста метавонад?
20
Инак, кӯҳпораро зад, ва обҳо ҷорӣ шуд, ва ҷӯйборҳо равон шуд. Оё нон ҳам дода метавонад? Оё барои қавми Худ гӯшт муҳайё карда метавонад?»
21
Худованд инро шунида, дар қаҳр шуд, ва оташ бар Яъқуб даргирифт, ва ғазаб бар Исроил аланга зад.
22
Зеро ки ба Худо имон наоварданд, ва ба наҷоти Ӯ таваккал накарданд.
23
Ва афлокро аз боло амр фармуд, ва дарҳои осмонро воз кард,
24
Ва маннро бар онҳо боронид, то бихӯранд, ва нони осмонро ба онҳо ато кард.
25
Одамизод нони малоикро бихӯрд; тӯша барои онҳо фиристод, ки сер шаванд.
26
Боди шарқиро дар осмон вазонид, ва бо қуввати Худ боди ҷанубиро бархезонид.
27
Ва бар онҳо гӯштро мисли ғуборе боронид, ва мурғони болдорро мисли реги баҳр.
28
Ва дар миёни бошишгоҳи онҳо, дар қарибии масканҳошон фурӯ ғалтонид.
29
Ва хӯрданд ва хеле сер шуданд; ва мувофиқи ҳирсашон ба онҳо дод.
30
Аз ҳирсашон даст накашиданд; ҳанӯз хӯрокашон дар даҳонашон буд,
31
Ва ғазаби Худо бар онҳо аланга зад, ва фарбеҳони онҳоро бикушт, ва ҷавонони Исроилро нест кард.
32
Бо вуҷуди ин боз хато карданд, ва ба корҳои аҷоиби Ӯ имон наоварданд.
33
Ва рӯзҳои онҳоро дар оворагардӣ, ва солҳошонро дар тарсу ҳарос нобуд кард.
34
Вақте ки онҳоро мекушт, талабгори Ӯ мешуданд, ва руҷӯъ намуда, Худоро меҷустанд.
35
Ва ба ёд меоварданд, ки Худо кӯҳпораи онҳост, ва Худои Таоло раҳокунандаи онҳост.
36
Ва бо даҳони худ пеши Ӯ тамаллуқ мекарданд, ва бо забони худ ба Ӯ дурӯғ мегуфтанд,
37
Аммо дилашон бо Ӯ рост набуд, ва ба аҳди Ӯ садоқат надоштанд.
38
Валекин Ӯ, ки раҳим аст, гуноҳашонро кафорат намуда, онҳоро нест намекард, балки борҳо қаҳри Худро боздошта, тамоми ғазаби Худро барнаангехтааст.
39
Ва дар хотир дорад, ки онҳо башаранд, боде ҳастанд, ки меравад ва гашта намеояд.
40
Чандин бор дар биёбон Ӯро ба хашм оварданд, дар бодия Ӯро оташин карданд.
41
Ва гашта‐баргашта Худоро озмуданд, ва Куддуси Исроилро хорӣ доданд.
42
Дасти Ӯро дар хотир надоштанд, ва рӯзеро, ки аз тангӣ онҳоро раҳо кард,
43
Яъне дар Миср аломоти Худро, ва дар саҳрои Сӯан мӯъҷизоти Худро нишон дод:
44
Ва дарьёҳои онҳоро, ва селобҳои онҳоро ба хун табдил дод, то ки нӯшида натавонанд.
45
Бар онҳо ҳашаротро фиристод, ки онҳоро газиданд; ғукҳоро низ, ки онҳоро нобуд карданд.
46
Ҳосилоти онҳоро ба кирмак дод, ва меҳнати онҳоро ба малах.
47
Токзори онҳоро бо жола кушт, ва дарахтони ҷумизи онҳоро бо яхча.
48
Чорвои онҳоро ба жола супурд, ва рамаҳои онҳоро ба шӯълаҳои барқ.
49
Бар онҳо оташи хашми Худро равона кард: қаҳр, ва ғазаб, ва мусибатро бо фиристодани малоики мусибат.
50
Роҳе барои ғазаби Худ сохта, ҷони онҳоро аз мамот маҳфуз надошт, балки ҳаёташонро ба вабо супурд.
51
Ва ҳамаи нахустзодагонро дар Миср зарба зад, ибтидои қувватро дар хаймаҳои Ҳом.
52
Ва қавми Худро мисли гӯсфандон бурд; ва онҳоро мисли рамае дар биёбон роҳбарӣ мекард.
53
Ва онҳоро дар осудагӣ ҳидоят менамуд, то. ки ҳаросон нашаванд; ва душманони онҳоро баҳр дар худ ниҳон кард.
54
Ва онҳоро ба ҳудуди муқаддаси Худ овард, ба кӯҳе ки ямини Ӯ пайдо карда буд.
55
Ва халқҳоро аз пеши онҳо бадар ронд, ва заминашонро ба таври мерос қуръа партофт, ва дар хаймаҳошон сибтҳои Исроилро сокин кард.
56
Вале боз Худои Таолоро озмуданду ба хашм оварданд, ва шаҳодоти Ӯро риоя накарданд.
57
Ва ақиб гашта, мисли падарони худ хиёнат карданд, мисли камони ҳилагар чаппа рафтанд.
58
Ва дар теппаҳои худ Ӯро хашмгин карданд, ва бо бутҳои худ рашки Ӯро оварданд.
59
Худо шунида, дар қаҳр шуд, ва аз Исроил хеле нафрат кард.
60
Ва маскани Шилӯро тарк кард, яъне хаймаеро, ки дар миёни одамон дошт.
61
Ва қуввати Худро ба асирӣ дод, ва ҷалолати Худро ба дасти душман.
62
Ва халқи Худро ба шамшер таслим кард, ва аз мероси Худ дар қаҳр шуд.
63
Ҷавонони варо оташ хӯрд, ва ба духтарони вай сурудҳои никоҳ намехонданд.
64
Коҳинони вай дар ҷанг афтоданд, ва бевазанони вай навҳа намекарданд.
65
Ва Худованд, мисли он ки дар хоб бошад, бедор шуд, мисли паҳлавоне ки аз шароб хурӯш мекунад,
66
Ва душманони варо зарба зада, пас гардонд, ба нанги абадӣ онҳоро гирифтор кард.
67
Ва аз хаймаи Юсуф нафрат кард, ва сибти Эфроимро интихоб накард,
68
Балки сибти Яҳудоро баргузид, яъне кӯҳи Сионро, ки дӯст медошт.
69
Ва қудси Худро мисли афрозҳо бино кард, мисли замине ки буньёди онро Ӯ ба сурати абадӣ ниҳодааст.
70
Ва бандаи Худ Довудро баргузид, ва ӯро аз оғилҳои гӯсфандон гирифт;
71
Аз пеши мешҳои ширдеҳ ӯро овард, то ки қавми Ӯ — Яъқубро, ва мероси Ӯ — Исроилро чӯпонӣ кунад.
72
Ва ӯ онҳоро бо дили софи худ чӯпонӣ кард, ва бо маҳорати кафҳои худ ҳидоят намуд.
← Chapter 76
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 78 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66
67
68
69
70
71
72
73
74
75
76
77
78
79
80
81
82
83
84
85
86
87
88
89
90
91
92
93
94
95
96
97
98
99
100
101
102
103
104
105
106
107
108
109
110
111
112
113
114
115
116
117
118
119
120
121
122
123
124
125
126
127
128
129
130
131
132
133
134
135
136
137
138
139
140
141
142
143
144
145
146
147
148
149
150