bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Psalms 9
Psalms 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 10 →
1
Барои сардори муғанниён бар мамоти Лабин. Таронаи Довуд.
2
Худовандро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт; ҳамаи корҳои аҷоиби Туро ҳикоят хоҳам кард.
3
Дар Ту шодӣ ва хурсандӣ хоҳам кард, исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, хоҳам сароид.
4
Вақте ки душманонам ба ақиб баргарданд, пешпо хӯрда, аз пеши Ту нест хоҳанд шуд,
5
Зеро ки Ту доварӣ ва мурофиаи маро ба амал овардаӣ; Ту, эй Довари одил, бар тахт нишастаӣ.
6
Ту бар қавмҳо итоб намудаӣ, шарирро нест кардаӣ, номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад.
7
Душман барҳам хӯрда, ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст; шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст.
8
Валекин Худованд то абад қоим аст; Ӯ тахти Худро барои доварӣ барқарор кардааст,
9
Ва Ӯ дуньёро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард, қабилаҳоро аз рӯи ростӣ додгарӣ хоҳад намуд.
10
Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.
11
Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ.
12
Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед, корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
13
Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад, онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад.
14
Ба ман марҳамат намо, эй Худованд; ба мусибате ки аз дасти бадхоҳонам мекашам, назар андоз, ки Ту маро аз дарвозаи мамот баланд бардоштаӣ,
15
Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям: дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард.
16
Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд; дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд.
17
Худованд ба василаи доварие ки кард, шӯҳрат меёбад: шарир ба доме афтод, ки бо кафҳои худ сохта буд. Ҳиҷойӯн. Село.
18
Шарирон ба дӯзах хоҳанд рафт, яъне ҳамаи халқҳое ки Худоро фаромӯш мекунанд.
19
Зеро ки мискин ба сурати абадӣ фаромӯш нахоҳад шуд, ва умеди камбағалон то ба охир барбод нахоҳад рафт.
20
Бархез, эй Худованд, то ки одамизод густох набошад, ва халқҳо пеши Ту маҳкум гарданд.
21
Онҳоро, эй Худованд, ба ҳарос андоз, то халқҳо бидонанд, ки онҳо фақат одамизод ҳастанд. Село.
22
Чаро, эй Худованд, дур меистӣ? Ва дар вақти тангӣ Худро пинҳон медорӣ?
23
Шарир дар ғурури худ камбағалро таъқиб мекунад; кошки худашон ба найрангҳое ки андешидаанд, гирифтор шаванд!
24
Зеро ки шарир бо ҳирси нафси худ меболад, ва тамаъкор ба Худованд беэътиноӣ мекунад.
25
Шарир дар такаббури худ мегӯяд: «Ӯ бозхост нахоҳад кард»; тамоми хаёли вай ин аст, ки «Худо нест».
26
Роҳҳои вай ҳама вақт бомуваффақият аст; довариҳои Ту аз вай бағоят дур аст; ба ҳамаи хасмҳои худ беэътиноӣ мекунад;
27
Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид; ҳаргиз бадие нахоҳам дид».
28
Даҳони вай аз лаънат, макр ва фиреб пур аст; дар зери забонаш бадӣ ва хабосат аст.
29
Дар пушти работҳо камин мегирад; дар ҷойҳои ниҳонӣ бегуноҳро мекушад; чашмонаш аз паи бечора мепояд.
30
Дар ҷои ниҳонӣ, мисли шер дар лонаи худ, камин мегирад; барои қапидани камбағал камин мегирад, ва камбағалро қапида, ба доми худ мекашад;
31
Ба зону нишаста, хам мешавад, — ва бечорагон ба чанголи пурзӯри вай меафтанд.
32
Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст, рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид».
33
Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор, ҳалимонро фаромӯш накун.
34
Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда, дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»?
35
Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ. Бечора худро ба Ту месупорад; мададгори ятим Ту ҳастӣ.
36
Бозуи шарир ва бадкешро бишкан, ба тавре ки агар шарораташро ҷустуҷӯ намоӣ, ёфт нашавад.
37
Худованд подшоҳ аст то абад; мағрурон аз замини Ӯ нест хоҳанд шуд.
38
Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ; дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо,
39
То ки ятим ва мазлумро дар доварӣ ҳимоят намоӣ, ва одаме ки аз хок аст, дигар онҳоро натарсонад.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 67
Chapter 68
Chapter 69
Chapter 70
Chapter 71
Chapter 72
Chapter 73
Chapter 74
Chapter 75
Chapter 76
Chapter 77
Chapter 78
Chapter 79
Chapter 80
Chapter 81
Chapter 82
Chapter 83
Chapter 84
Chapter 85
Chapter 86
Chapter 87
Chapter 88
Chapter 89
Chapter 90
Chapter 91
Chapter 92
Chapter 93
Chapter 94
Chapter 95
Chapter 96
Chapter 97
Chapter 98
Chapter 99
Chapter 100
Chapter 101
Chapter 102
Chapter 103
Chapter 104
Chapter 105
Chapter 106
Chapter 107
Chapter 108
Chapter 109
Chapter 110
Chapter 111
Chapter 112
Chapter 113
Chapter 114
Chapter 115
Chapter 116
Chapter 117
Chapter 118
Chapter 119
Chapter 120
Chapter 121
Chapter 122
Chapter 123
Chapter 124
Chapter 125
Chapter 126
Chapter 127
Chapter 128
Chapter 129
Chapter 130
Chapter 131
Chapter 132
Chapter 133
Chapter 134
Chapter 135
Chapter 136
Chapter 137
Chapter 138
Chapter 139
Chapter 140
Chapter 141
Chapter 142
Chapter 143
Chapter 144
Chapter 145
Chapter 146
Chapter 147
Chapter 148
Chapter 149
Chapter 150
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66
67
68
69
70
71
72
73
74
75
76
77
78
79
80
81
82
83
84
85
86
87
88
89
90
91
92
93
94
95
96
97
98
99
100
101
102
103
104
105
106
107
108
109
110
111
112
113
114
115
116
117
118
119
120
121
122
123
124
125
126
127
128
129
130
131
132
133
134
135
136
137
138
139
140
141
142
143
144
145
146
147
148
149
150