bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Romans 11
Romans 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
1
Пас, ман мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сибти Биньёмин ҳастам.
2
Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд:
3
«Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд».
4
Аммо Худо ба ӯ чӣ ҷавобе дод? «Хафт ҳазор одамро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам».
5
Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.
6
Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагар на файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на амал дигар амал нашуда мемонад.
7
Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,
8
Чунон ки навишта шудааст: «Худо ба онҳо рӯҳи хоби гаронро дод, ва чашмоне ки намебинанд, ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд».
9
Довуд низ мегӯяд: «Бигзор суфраи онҳо барои сазояшон ба доме, капқоне ва тузоқе мубаддал гардад;
10
Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо абадан хам шавад».
11
Пас, ман мегӯям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.
12
Ва агар пешпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш хоҳад буд!
13
Ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:
14
Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.
15
Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чӣ хоҳад буд?
16
Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.
17
Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста чудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ, —
18
Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавӣ, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ доштааст.
19
Ту хоҳӣ гуфт: «Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам».
20
Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс.
21
Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод.
22
Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.
23
Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.
24
Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд.
25
Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,
26
Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст: «Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;
27
Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам».
28
Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо; лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон;
29
Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағьирнопазир аст.
30
Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед, —
31
Ҳамчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.
32
Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.
33
Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!
34
Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?
35
Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад?
36
Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16