bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Romans 13
Romans 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
1
Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.
2
Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.
3
Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;
4
Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.
5
Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст.
6
Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.
7
Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро — ба касе ки андоз меситонад; хироҷро — ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро — ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст.
8
Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.
9
Зеро ки аҳкоми: «Зино накун», «Қатл накун», «Дуздӣ накун», «Шаҳодати дурӯғ надеҳ», «Тамаъ накун» ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст дор» ҷамъбаст карда шудааст.
10
Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.
11
Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.
12
Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
13
Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад;
14
Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16