bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Romans 5
Romans 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
1
Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,
2
Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.
3
Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад,
4
Ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро,
5
Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
6
Зеро ки Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд.
7
Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.
8
Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
9
Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.
10
Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;
11
Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.
12
Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон доҳил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.
13
Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад.
14
Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ тимсоли Шахси оянда аст.
15
Лекин бахшоиши файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.
16
Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад.
17
Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, — пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоиши адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона хумкрон хоҳанд шуд.
18
Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати як кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.
19
Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.
20
Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид,
21
То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот хукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ хукмрон шавад.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16