bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Acts 1
Acts 1
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
1
Теофилуси мӯҳтарам, дар китоби якумам ба шумо дар бораи ҳама кору таълимоте, ки Исо сар кард, навишта будам,
2
яъне то вақте ки Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба фиристодагони интихобкардаи Худ фармон дода, ба осмон бурда шуд.
3
Исо баъди азобу маргаш ва пеш аз он ки ба осмон бурда шавад, ба фиристодагонаш бо далелҳои зиёд исбот намуд, ки зинда шуд. Ӯ дар давоми чил рӯз назди онҳо пайдо шуда, дар бораи Подшоҳии Худо ба онҳо нақл мекард.
4
Рӯзе, ҳангоме ки ҷамъ омада буданд, ба онҳо чунин фармуд: «Аз шаҳри Уршалим набароед, балки интизори Ҳамоне бошед, ки Худо Падар ваъда кард ва дар борааш аз Ман шунида будед.
5
Зеро Яҳё одамонро ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо дар оби дарё таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред».
6
Вақте ки ҷамъ омаданд, аз Ӯ пурсиданд: «Худовандо, оё вақти он расидааст, ки подшоҳии халқи Исроилро барқарор намойӣ?»
7
Исо дар ҷавоб гуфт: «Танҳо Худо Падар қудрати таъйин кардани вақту соат дорад ва донистани он ба шумо даркор нест.
8
Аммо, вақте ки Рӯҳулқудс шуморо фаро мегирад, қувват меёбед ва аз Уршалим сар карда, дар тамоми сарзамини Яҳудия, Сомара ва ҳатто то канори дунё дар бораи Ман шаҳодат хоҳед дод».
9
Исо ин суханро гуфта, дар пеши чашми онҳо ба осмон бурда шуд ва абре Ӯро аз назарашон пинҳон кард.
10
Баъди нопадид шуданаш ҳам, онҳо аз осмон чашм намеканданд. Баногоҳ дар наздашон ду марди сафедпӯш пайдо шуда
11
гуфтанд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ мекунед? Ҳамин Исо, чунон ки дар пеши чашматон ба осмон бурда шуд, айнан ҳамон тавр бармегардад».
12
Сипас, онҳо аз кӯҳи Зайтун ба шаҳри Уршалим баргаштанд. Масофаи байни кӯҳ ва шаҳр тақрибан як километер буд.
13
Чун ба шаҳр расиданд, Петрус, Юҳанно, Яъқуб, Андриёс, Филиппус, Тумо, Барталмо, Матто, Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои писари Яъқуб ба ҷойи зисташон – ба болохона баромаданд.
14
Онҳо ҷамъ шуда, якдилона пайваста дуо мегуфтанд. Баъзе занон, аз он ҷумла Марями модари Исо ва бародарони Ӯ низ, ҳамроҳи онҳо буданд.
15
Он рӯзҳо Петрус ба имондорон, ки ҳамагӣ тақрибан саду бист кас буданд, гуфт:
16
«Азизон! Дар навиштаҷот Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Довуд дар бораи Яҳудо, ки роҳнамои дастгиркунандагони Исо буд, пешгӯйӣ кардааст. Он Навишта бояд иҷро мешуд.
17
Яҳудо ба мо ҳамроҳ буд ва дар хизмат иштирок мекард.
18
Аммо вай ба музди бадкории худ замине харид, ки бар он афтода, шикамаш кафид ва рӯдаҳояш баромад.
19
Ҳама мардуми Уршалим аз ин воқеа хабардор шуда, он заминро бо лафзи худ Ҳақал-Дамо номиданд, ки маънояш „замини хунин“ аст.
20
Дар китоби Забур бошад, чунин навишта шудааст: „Бигзор манзили вай холӣ бошад ва касе дар он зиндагӣ накунад.“ Ва „мақоми роҳбарии ӯро низ дигаре ба ӯҳда гирад“.
21
Бино бар ин, аз байни мардоне, ки бо мо буданд, шахсеро интихоб мекунем, ки Худованд Исоро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ кардааст,
22
яъне аз рӯзе, ки Яҳё Исоро дар об таъмид дод, то рӯзе ки Ӯ аз назди мо боло бурда шуд. Вай бояд ҳамроҳи мо дар бораи зинда шудани Исо шаҳодат диҳад».
23
Сипас, ду нафарро пешниҳод намуданд: Матёс ва Юсуфро, ки лақабаш Бар-Саббо буд (ӯро Юстус низ меномиданд).
24
Ва чунин дуо карданд: «Худовандо, Яҳудо хизматашро партофта, ба ҷойи муносибаш рафт. Ҳоло ба мо нишон деҳ, ки аз ин ду нафар киро барои хизмати фиристодагӣ интихоб кардаӣ, чунки Ту дили одамизодро медонӣ».
26
Сипас, барои он ду кас танга ҳаво дода, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Матёс баромад ва ӯ ба ёздаҳ фиристода ҳамроҳ шуд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28