bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Acts 6
Acts 6
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
1
Он рӯзҳо дар баробари зиёд шудани шумораи шогирдон мушкиле ба миён омад. Яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни таҳҷоӣ шикоят карданд, ки онҳо ҳангоми тақсими хӯроки ҳаррӯза бевазанони юнонизабонро ба назар намегиранд.
2
Барои ҳамин дувоздаҳ фиристода ҳамаи шогирдонро ҷамъ намуда гуфтанд: «Агар мо паҳн кардани каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул шавем, дуруст намешавад.
3
Бародарон, бинобар ин аз байни худ ҳафт каси некном ва пур аз Рӯҳу ҳикматро интихоб намоед, то ки ин вазифаро ба дӯши онҳо гузорем.
4
Мо бошем, бо дуову таълим ва мавъизаи калом машғул шавем».
5
Ин пешниҳод ба тамоми ҷамъомадагон писанд омад. Пас онҳо ҳафт касро интихоб намуда, ба назди фиристодагон оварданд. Инҳо Истефанус, шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс, инчунин Филиппус, Прӯхурус, Никонӯр, Тимӯн, Парминос ва Никӯлоус буданд. Никӯлоус аз шаҳри Антокия буда, дини яҳудиро қабул карда буд. Фиристодагон дастҳояшонро бар онҳо ниҳода, дуо карданд, яъне онҳоро ба хизмат таъйин намуданд.
7
Ҳамин тавр каломи Худо паҳн мешуд ва дар Уршалим шумораи шогирдон босуръат меафзуд. Ҳатто аз миёни коҳинон нафарони зиёде ба Исои Масеҳ имон оварданд.
8
Истефанус марде пур аз файзу меҳрубонӣ ва қуввати Худо буд. Ӯ дар байни мардум мӯъҷизоту аломоти бузург нишон медод.
9
Дар он ҷо аз шаҳрҳои Қайравон ва Искандария одамоне буданд, ки ба ҷамоатхонаи Озодон тааллуқ доштанд. Онҳо бо Истефанус баҳс карданд. Ба ин баҳс баъзе одамони вилоятҳои Киликия ва вилояти Осиё ҳамроҳ шуданд.
10
Аммо ба Рӯҳу ҳикмати сухани вай муқобилат нишон дода натавонистанд.
11
Сипас, онҳо ба чанд кас пинҳонӣ пора дода гуфтанд, ки чунин бигӯянд: «Мо худ шунидем, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо сухани куфромез мегуфт».
12
Ҳамин тавр онҳо мардум ва пирони қавму устодони шариатро бар зидди вай шӯр андохтанд ва Истефанусро дастгир намуда, пеши шӯрои пирон оварданд.
13
Сипас, шоҳидони бардурӯғро даъват намуданд, ки чунин гуфтанд: «Ин одам ҳамеша бар зидди ин маъбади пок ва шариати Мусо сухан меронад.
14
Мо худамон шунидем. Ӯ мегуфт, ки Исои Носирӣ маъбади Худоро вайрон мекунад ва расму ойинеро, ки Мусо ба мо додааст, тағйир медиҳад».
15
Ҳангоми ин сухан бошандагони шӯрои пирон бодиққат ба Истефанус нигариста, диданд, ки рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта медурахшид.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28