bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Acts 22
Acts 22
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
1
«Эй бародарону падарон! Гӯш кунед, ки барои муҳофизати худ чӣ мегӯям».
2
Мардум чун шуниданд, ки бо забони ибрӣ гап мезанад, боз ҳам хомӯштар шуданд. Павлус суханашро давом дод:
3
«Ман яҳудӣ, зодаи шаҳри Тарсуси вилояти Киликия ҳастам, лекин ба Уршалим омада, аз устод Ҷамлиил шариати Мусо ва расму ойини падаронро хуб омӯхтам. Вазифаҳоямро дар пеши Худо бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекардам, чунон ки имрӯз шумо ҳам иҷро мекунед.
4
Ман одамонеро, ки пайрави ин Роҳ буданд, мерондаму азоб медодам. Баъзеи онҳоро ҳатто ба марг расондам. Мардону занонро дастгир карда, ба зиндон месупурдам.
5
Инро ҳатто саркоҳин ва тамоми аъзои шӯрои пирон метавонанд тасдиқ кунанд. Ман барои дастгир кардани имондорони шаҳри Димишқ аз онҳо нома гирифта будам, то ки имондоронро дошта, барои ҷазо додан ба Уршалим оварам.
6
Аммо ҳангоми роҳ, вақте ки ба шаҳри Димишқ наздик мешудам, дар нисфирӯзӣ баногоҳ аз осмон нуре пайдо шуда, маро фаро гирифт.
7
Ман ба замин афтода, овозеро шунидам, ки мегуфт: „Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?“
8
Дар ҷавоб гуфтам: „Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман Исои Носирӣ ҳастам, ки озораш медиҳӣ“.
9
Ҳамроҳони ман низ нурро диданд, лекин овозеро, ки ба ман гап мезад, нафаҳмиданд.
10
Сипас, пурсидам: „Эй Аълоҳазрат, чӣ бояд кунам?“ Худованд ба ман гуфт: „Бархоста ба шаҳри Димишқ рав. Дар он ҷо дар бораи ҳама корҳое, ки бояд бикунӣ, ба ту мегӯянд“.
11
Аз таъсири дурахши он нур чашмонам чизеро намедид ва ҳамроҳонам маро аз дастам гирифта, ба Димишқ оварданд.
12
Ҳанониё ном марде ба назди ман омад. Ӯ ба шариати Мусо аз сидқи дил итоат мекард ва дар байни ҳамаи яҳудиёни он ҷо номи нек дошт.
13
Ӯ ба ман наздик шуда гуфт: „Бародар Шоул, бино шав!“ Худи ҳамон лаҳза чашмонам бино шуд ва ӯро дидам.
14
Сипас, ӯ гуфт: „Худои падаронамон туро интихоб кардааст, то ки хости Ӯро бидонӣ ва ҳамонеро, ки Росткор аст, бубинӣ ва аз забонаш сухане шунавӣ.
15
Зеро ту шоҳиди Ӯ мешавӣ ва дар бораи он чи дидиву шунидӣ назди ҳамаи одамон шаҳодат хоҳӣ дод.
16
Пас чиро интизор ҳастӣ? Бархезу таъмид гир ва ба Исои Носирӣ рӯй оварда, аз гуноҳҳоят пок шав“.
17
Инак, вақте ки ба Уршалим баргашта, дар маъбади Худо дуо мекардам, ба ҳолати бехудӣ афтодам
18
ва Исоро дидам, ки ба ман чунин гуфт: „Зуд аз Уршалим баромада рав, чунки онҳо шаҳодати туро дар бораи Ман қабул намекунанд“.
19
Ман гуфтам: „Худовандо, онҳо медонанд, ки ман пайравони Туро ба зиндон меандохтам ва дар ҷамоатхонаҳо дошта мезадам.
20
Вақте ки хуни шоҳидат Истефанус рехта мешуд, ман он ҷо будам ва сангсоркунандагонро тарафдорӣ намуда, ҷомаҳои онҳоро посбонӣ мекардам“.
21
Сипас, Ӯ ба ман гуфт: „Бирав, Ман туро ба ҷойҳои дур ба назди ғайрияҳудиён мефиристам“».
22
Мардум сухани Павлусро то ба ин ҷо гӯш карданд, сипас бо овози баланд фарёд заданд: «Ӯро несту нобуд кунед! Чунин одам набояд зиндагӣ кунад!»
23
Чун фарёд мезаданд ва ҷомаҳояшонро ба замин партофта, чанг мехезонданд,
24
мириҳазор фармуд, ки Павлусро ба қалъа дароваранд ва қамчинкорӣ намуда, пурсуҷӯ кунанд, ки барои чӣ мардум ин қадар ба ӯ дод мезананд.
25
Аммо вақте ки Павлусро бо тасмаҳо барои задан мебастанд, ӯ ба мирисад гуфт: «Оё аз рӯйи қонун аст, ки шаҳрванди Румро бе ягон доварӣ қамчинкорӣ кунед?»
26
Инро шунида, мирисад ба назди мириҳазор рафт ва гуфт: «Чӣ кор кардан мехоҳед? Ин одам румӣ будааст!»
27
Сипас, мириҳазор наздик шуда аз Павлус пурсид: «Ту шаҳрванди Рум ҳастӣ?» Павлус дар ҷавоб гуфт: «Бале!»
28
Мириҳазор гуфт: «Ман шаҳрвандии Румро бо пули калон харидаам». Павлус гуфт: «Ман бошам, аз таваллуд шуданам шаҳрванди Рум ҳастам».
29
Онҳое, ки ӯро пурсуҷӯ карданӣ буданд, ин суханро шунида, дарҳол аз вай дур шуданд. Мириҳазор низ румӣ будани Павлусро фаҳмида, тарсид, чунки ӯро баста буд.
30
Рӯзи дигар мириҳазор хост аниқ бифаҳмад, ки яҳудиён ӯро барои чӣ айбдор мекунанд. Бино бар ин, занҷирҳои Павлусро кушода, фармон дод, ки коҳинони калон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд. Сипас, Павлусро ба назди онҳо баровард.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28