bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Peter 1
2 Peter 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
1
Шимъуни Петрус, банда ва расули Исои Масеҳ, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро монанди имони мо ба воситаи росткории Худо ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ қабул кардаанд:
2
файз ва осоиш дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод.
3
Азбаски қуввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва худотарсӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва некӯии Худ даъват намудааст,
4
ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузургтарин ва гаронбаҳо дода шудаанд, то шумо ба воситаи онҳо аз фасоде ки дар натиҷаи ҳавасҳо дар ҷаҳон ҳаст, халос шуда, шарики табиати илоҳӣ гардед, —
5
барои ҳамин ҳам тамоми кӯшишро ба кор бурда, бо имони худ некӯиро пайдо кунед, бо некӯӣ донишро,
6
бо дониш худдориро, бо худдорӣ сабрро, бо сабр худотарсиро,
7
бо худотарсӣ бародардӯстиро ва бо бародардӯстӣ муҳаббатро.
8
Агар ин сифатҳо дар шумо ёфт шаванд ва афзоиш ёбанд, дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ танбал ва бесамар нестед.
9
Вале дар ҳар кӣ ин сифатҳо ёфт нашаванд, кӯр ва кӯтоҳбин аст, ва фаромӯш кардааст, ки аз гуноҳҳои пештараи худ пок шудааст.
10
Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр кунед, ҳаргиз пешпо намехӯред,
11
зеро бо чунин роҳ даромадгоҳи Подшоҳии абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода мешавад.
12
Барои ҳамин ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед.
13
Аммо ман дуруст меҳисобам, ки то даме дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ барангезонам,
14
чун медонам, ки ба наздикӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ маро огоҳ намудааст.
15
Ва саъю кӯшиш мекунам, ки шумо пас аз даргузаштанам низ ҳамеша инро ба ёд оварда тавонед.
16
Зеро, ҳангоме ки қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ва омадани Ӯро ба шумо хабар додем, аз пайи афсонаҳои зиракона сохташуда нарафтаем, балки бузургии Ӯро бо чашмони худ дидаем,
17
зеро Ӯ аз Худои Падар иззат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли бузург сӯи Ӯ чунин овоз расид: “Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам”.
18
Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем.
19
Ва каломи пайғамбарӣ барои мо устувории бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик медурахшад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо барояд;
20
ва пеш аз ҳама чиз инро донед, ки ҳеҷ як пайғамбарии Китоб аз тафсири худи пайғамбар нест;
21
зеро ҳаргиз пайғамбарӣ бо хости одамизод оварда нашудааст, балки муқаддасони Худо бо ангезиши Рӯҳулқудс сухан гуфтаанд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
Recommended Reading
Commentary
2 Peter Commentaries
→
Devotional
2 Peter Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→