bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Peter 3
2 Peter 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Ин акнун номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй азизон, менависам; дар онҳо бо ёдоварӣ фикри поки шуморо бармеангезам,
2
то ба хотир оваред суханонеро, ки пештар пайғамбарони муқаддас гуфтаанд, ва фармудаи Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки расулон ба шумо супурдаанд.
3
Пеш аз ҳама донед, ки дар охири айём масхаракунандагоне пайдо мешаванд, ки аз рӯи ҳавасҳои худ рафтор намуда,
4
мегӯянд: “Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон ба хоби /марг/ рафтаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст”.
5
Зеро онҳо намехоҳанд фаҳманд, ки бо каломи Худо осмонҳо аз қадим буданд ва замин аз об ва ба воситаи об шакл гирифт;
6
ва дунёи онвақта маҳз дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
7
Аммо осмон ва замини ҳозира бо каломи Ӯ барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати одамони худонотарс саришта карда мешаванд.
8
Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй азизон, набояд пӯшида бошад, ки назди Худованд як рӯз монанди ҳазор сол аст, ва ҳазор сол монанди як рӯз.
9
Худованд дар иҷрои ваъда дер намекунад, чунон ки баъзе касон инро дер кардан меҳисобанд; балки бо мо пурсабр аст ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.
10
Валекин рӯзи Худованд чун дузд дар шаб меояд, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае дармегузарад, ва унсурҳо оташ гирифта, нобуд мешаванд, ва замин ва тамоми корҳое ки дар он ҳастанд, месӯзанд.
11
Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддас ва худотарсӣ чӣ гуна бояд бошед,
12
дар ҳоле ки омадани рӯзи Худоро интизор ҳастед ва сӯи он мешитобед, ки ба хотири он рӯз осмон аланга гирифта, несту нобуд мешавад, ва унсурҳо оташ гирифта, мегудозанд?
13
Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо росткорӣ сокин мешавад.
14
Пас, эй азизон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ бенуқс ва беайб дар осоиш ёфт шавед;
15
ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари азизи мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ дода шудааст, ба шумо навиштааст,
16
ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ӯ дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо баъзе чизҳо душворфаҳм аст, ки онҳоро нодонон ва ноустуворон чун навиштаҳои дигари Китоб ғалат маънидод мекунанд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад.
17
Пас шумо, эй азизон, азбаски пешакӣ огоҳонда шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори гумроҳии бадкирдорон нашавед ва пойдории худро аз даст надиҳед,
18
балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нашъунамо кунед, ки Ӯро аз ҳозир то рӯзи абадият ҷалол бод. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3