bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Peter 2
2 Peter 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
1
Аммо дар миёни қавм пайғамбарони дурӯғин низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони дурӯғин мешаванд, ки пинҳонӣ бидъатҳои ҳалокатоварро меоваранд ва Худовандеро, ки онҳоро харид, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат меоваранд.
2
Ва бисёр касон бадахлоқии онҳоро пайравӣ мекунанд, ва ба воситаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир мешавад.
3
Ва аз рӯи тамаъ бо суханони фиребанда шуморо суиистифода мекунанд; ҳукми онҳо кайҳо омода аст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.
4
Зеро Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро ба асфалуссофилин партофта, ба занҷирҳои торикӣ супурд, то ки барои доварӣ нигоҳ дошта шаванд;
5
ва ба дунёи қадим амон надод, балки танҳо ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи росткорӣ буд, нигоҳ дошта, бар ҷаҳони худонотарсон тӯфон овард;
6
ва шаҳрҳои Садӯм ва Амуроро ба хокистар табдил дода, ҳамчун ибрате барои худонотарсони оянда ба ҳалокат маҳкум намуд,
7
ва Лути росткорро, ки аз рафтори бадахлоқонаи бадкирдорон ба танг омада буд, раҳо кард, —
8
зеро он росткор дар миёни онҳо сокин буда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони росткоронаи худро ҳаррӯза ба азоб гирифтор мекард, —
9
пас Худованд медонад, ки чӣ гуна худотарсонро аз озмоиш раҳо кунад ва бадкоронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ нигоҳ дорад,
10
хусусан онҳоеро, ки дар ҳавасҳои қабеҳ аз пайи ҷисм мераванд, ва сарваронро хор мешуморанд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи бузургон наметарсанд,
11
ҳол он ки фариштаҳо, ки дар қудрат ва қувват бартарӣ доранд, назди Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми бадгӯёна намекунанд.
12
Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва нобудшавӣ таваллуд шудаанд, ба он чи намефаҳманд, бадгӯӣ карда, дар фасоди худ нобуд мешаванд,
13
ва подоши бадкирдории худро меёбанд. Хушии онҳо айшу нӯш дар рӯзи равшан аст; онҳо доғҳои нангин ҳастанд, бо шумо айшу ишрат карда, аз найрангҳои худ лаззат мебаранд.
14
Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба худ ҷалб мекунанд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.
15
Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд, аз пайи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт.
16
Аммо дар бадкирдории худ таъна карда шуд: хари безабон бо овози одамӣ гап зада, девонагии пайғамбарро боздошт.
17
Онҳо чашмаҳои беоб ҳастанд, абрҳое ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онҳо тирагии торикии абадӣ муқаррар шудааст.
18
Зеро суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки аз гумроҳон халос шудаанд, бо ҳавасҳои ҷисмонии бадахлоқона ҷалб мекунанд;
19
ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, ҳол он ки худ ғуломони фасод ҳастанд; зеро кас ғуломи ҳар он чизест, ки ӯро мағлуб кардааст.
20
Зеро, агар ба воситаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳанда Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дунё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, охирашон бадтар аз аввалашон мешавад.
21
Барои онҳо надонистани роҳи ростӣ беҳтар мебуд аз он ки, пас аз донистани он, аз фармудаи муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рӯй гардонанд.
22
Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: “Саг ба қайи худ баргашт, ва хук пас аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад”.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3