bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Thessalonians 1
2 Thessalonians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
1
Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба ҷамоати тасолуникиён, ки дар Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ аст:
2
файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
3
Эй бародарон, мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо беандоза афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад.
4
Аз ин рӯ худи мо дар ҷамоатҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед.
5
Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то шумо сазовори Подшоҳии Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ ранҷ мекашед.
6
Зеро ба назари Худо одилона аст, ки азобдиҳандагони шуморо азоб диҳад,
7
ва шуморо, ки азоб мекашед, бо мо оромӣ бахшад, ҳангоме ки Худованд Исо аз осмон бо фариштаҳои қудрати Худ
8
дар оташи фурӯзон зоҳир шуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба Инҷили Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, қасос мегирад.
9
Ҷазои онҳо ҳалокати абадӣ, дурӣ аз ҳузури Худованд ва маҳрумият аз ҷалоли қуввати Ӯ мешавад,
10
дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол меёбад ва дар ҳамаи имондорон ба ҳайрат меоварад, чунки шумо ба шаҳодати мо бовар кардед.
11
Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар писандидаи нек ва кори имони /шуморо/ бо қуввати /Худ/ ба амал оварад,
12
то номи Худованди мо Исо дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ /ҷалол ёбед/, мувофиқи файзи Худои мо ва Худованд Исои Масеҳ.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3