bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Thessalonians 2
2 Thessalonians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
1
Валекин аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ
2
дар фикр зуд ба шубҳа наафтед ва аз /пайғамбарии/ рӯҳ, аз сухан ва аз номае ки гӯё мо фиристода бошем, ҳаросон нашавед, ки гӯё рӯзи Масеҳ фаро расидааст.
3
Ҳеҷ кас ба ҳеҷ тариқе набояд шуморо фирефта кунад, зеро ҳатман аввал бояд аз имон гаштан рӯй диҳад ва марди гуноҳ, яъне писари ҳалокат ошкор шавад.
4
Вай ба ҳар чизе ки Худо ном дорад ё парастиш мешавад, муқобилат менамояд ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки чун Худо дар ибодатхонаи Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.
5
Оё дар хотир надоред, ки ҳангоме ки ҳанӯз назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?
6
Ва акнун шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вақти муайян ошкор гардад.
7
Зеро сирри бадӣ аллакай амал мекунад, фақат то даме ки он ки ҳоло монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, —
8
он гоҳ бадкор ошкор мегардад, ҳамон ки Худованд ӯро бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ нобуд мекунад.
9
Омадани ин /бадкор/ бо ҳар гуна қувват ва аломатҳо ва муъҷизаҳои дурӯғин аз рӯи амали шайтон аст,
10
ва бо ҳар гуна фиреби беинсофӣ барои нобудшавандагон, чунки муҳаббати ростиро қабул накарданд, то наҷот ёбанд.
11
Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ба дурӯғ бовар кунанд,
12
то ҳамаи онҳое ки ба ростӣ бовар накарданд, балки беинсофиро писандиданд, маҳкум гарданд.
13
Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони дӯстдоштаи Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба воситаи муқаддас гардидан аз Рӯҳ ва имон овардан ба ростӣ, шуморо барои наҷот интихоб кардааст.
14
Ӯ шуморо ба он ба воситаи Инҷили мо даъват намудааст, то ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳро ба даст оваред.
15
Пас, эй бародарон, истодагарӣ кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз сухан, ё аз номаи мо омӯхтаед, нигоҳ доред.
16
Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,
17
бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва кори нек устувор гардонад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3