bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 Thessalonians 3
2 Thessalonians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Дигар ин ки, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,
2
ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва бад халос шавем; зеро на ҳар кас имон дорад.
3
Лекин Худованд бовафо аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз шарир нигоҳ дорад.
4
Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо фармоем, ба ҷо меоваред ва низ ба ҷо хоҳед овард.
5
Ва Худованд дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ роҳнамоӣ кунад. Ҷамоат ва касони бекоргард
6
Валекин ба шумо, эй бародарон, ба номи Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекоргардӣ мекунад ва мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, рафтор намекунад, дур шавед,
7
зеро худатон медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро дар миёни шумо бекоргард набудем
8
ва нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ба касе аз шумо гаронӣ накунем, —
9
на аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки худамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ба мо тақлид намоед.
10
Зеро, ҳангоме ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, хӯрок ҳам нахӯрад.
11
Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекоргардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд.
12
Ба чунин шахсон ба номи Худованди мо Исои Масеҳ мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки оромона кор карда, нони худро хӯранд.
13
Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.
14
Ва агар касе ба суханони мо дар ин нома гӯш надиҳад, ӯро дар хотир гиред ва бо ӯ рафтуомад накунед, то шарм дорад;
15
аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.
16
Валекин Худи Худованди осоиш ҳамеша дар ҳама чиз осоиш ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!
17
Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:
18
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3