bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Titus 1
Titus 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
1
Павлус, бандаи Худо ва расули Исои Масеҳ, дар хизмати имони интихобшудагони Худо ва дониши ростие ки дар худотарсист,
2
ба умеди ҳаёти абадӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ гӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,
3
ва дар замони муайян каломи Худро дар мавъизае ошкор намудааст, ки он бо фармони Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст, —
4
ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон шарикем, файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Худованд Исои Масеҳ бод.
5
Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ, чунон ки ба ту фармудаам:
6
агар касе беайб ва шавҳари як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар бадахлоқӣ ё саркашӣ сарзаниш намешаванд.
7
Зеро нигаҳбони /ҷамоат/ бояд, чун масъули кори Худо, беайб бошад, на худсар, на зудхашм, на майпараст, на ҷангара, на тамаъкор,
8
балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боандеша, росткор, муқаддас, худдор.
9
Ӯ бояд дар каломи боварибахш, ки мувофиқи таълимот аст, пойдор бошад, то тавонад бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро сарзаниш кунад.
10
Зеро беҳудагӯён ва фиребгарон бисёр ва саркаш мебошанд, хусусан онҳое ки аз аҳли хатна ҳастанд.
11
Даҳонашонро бояд баст, чунки онҳо аз сабаби фоидаи нангин чизҳои ношоистаро таълим дода, хонаводаҳоро ба пуррагӣ хароб мекунанд.
12
Яке аз онҳо, ки пайғамбари худи онҳост, гуфтааст: “Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва дарандагони бадкин, ва шикампарастони танбал”.
13
Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро сахт сарзаниш намо, то дар имон солим бошанд,
14
ва ба афсонаҳои яҳудиён ва ба фармудаҳои одамоне ки аз ростӣ рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд.
15
Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои олудагон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон олуда гардидааст.
16
Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо корҳояшон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ кори нек қобил нестанд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3