bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Titus 3
Titus 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Ба онҳо ёдрас кун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар кори нек тайёр бошанд,
2
дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, /балки/ меҳрубон буда, ба ҳамаи одамон бо камоли нармдилӣ рафтор намоянд.
3
Зеро мо низ як вақте бефаҳм, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва нафратзадаи дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.
4
Аммо ҳангоме ки меҳрубонӣ ва инсондӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд,
5
Ӯ моро на мувофиқи амалҳои росткоронае ки мо мекардем, балки аз рӯи марҳамати Худ наҷот дод, ба воситаи шустушӯи таваллуди дубора ва навшавие ки аз Рӯҳулқудс аст,
6
ки Ӯро бар мо ба воситаи Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ба фаровонӣ рехт,
7
то ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, аз рӯи умед ворисони ҳаёти абадӣ гардем.
8
Ин сухан боварибахш аст, ва ман мехоҳам, ки ту ин чизҳоро таъкид кунӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, дар фикри он бошанд, ки корҳои нек кунанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.
9
Аммо аз баҳсҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва ҷанҷол ва мунозираҳо оид ба шариат рӯй гардон, зеро онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.
10
Аз шахси ҷудоиандоз, пас аз он ки як-ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,
11
чун медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.
12
Вақте ки Артемос ё Тихиқусро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпулис назди ман биёӣ, зеро қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.
13
Зеноси қонундон ва Апуллусро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
14
Ва бигзор одамони мо низ ёд гиранд, ки машғули корҳои нек бошанд, то эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.
15
Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3