bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Titus 2
Titus 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
1
Аммо ту он чиро, ки ба таълимоти солим мувофиқ аст, гӯй.
2
/Ба/ пирамардон /гӯй/, ки ҳушёр, соҳибэҳтиром ва боандеша буда, дар имон, муҳаббат ва сабр солим бошанд;
3
монанди ҳамин, пиразанон тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб аст, на ғайбаткунанда, на бандагони шаробнӯшии зиёд, балки муаллимаҳои некӣ /бошанд/,
4
то ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд,
5
боандеша, пок, ғамхори хона, меҳрубон ва ба шавҳарон фармонбардор бошанд, мабодо дар ҳаққи каломи Худо бадгӯӣ карда шавад.
6
Монанди ҳамин, ҷавононро насиҳат намо, ки боандеша бошанд.
7
Худ дар ҳама чиз намунаи корҳои нек бош. Дар таълим додан садоқат, ҷиддият, самимият
8
ва гуфтори солим ва беайбро /кор фармо/, то душман ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад ва шарманда шавад.
9
Ғуломонро /насиҳат намо/, ки ба хоҷагони худ фармонбардор бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд,
10
дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат ороиш диҳанд.
11
Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст
12
ва моро таълим медиҳад, ки худонотарсӣ ва майлҳои дунявиро рад намуда, дар давраи ҳозира андешамандона, росткорона ва худотарсона зиндагӣ кунем,
13
ва мунтазири умеди муборак ва зоҳиршавии ҷалоли Худои бузург ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,
14
ки Худро барои мо фидо кард, то моро аз ҳар бадӣ халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар корҳои нек ғайратманд аст, пок намояд.
15
Инро гӯй ва насиҳат деҳ ва бо тамоми қудрат сарзаниш кун. Ҳеҷ кас туро хор нашуморад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3