bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Kings 10
1 Kings 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
1
Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро оид ба исми Худованд шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо имтиҳон кунад.
2
Ва бо аҳли рикоби зиёде ба Ерусалим омад, ки бар шутурони онҳо атриёт, ва тиллои бағоят зиёд, ва сангҳои гаронбаҳо бор карда шуда буд; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.
3
Ва Сулаймон ҳамаи суханони варо ба вай баён намуд, ва чизе аз подшоҳ пӯшида намонд, ки ба вай баён накарда бошад.
4
Ва чун маликаи Сабо тамоми ҳикмати Сулаймонро дид, ва низ хонаеро, ки ӯ бино карда буд,
5
Ва таомҳои суфраи ӯро, ва шинухези навкарони ӯро, ва рафтори хизматгорони ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва соқиёни ӯро, ва ҳашаматеро, ки ӯ бо он ба хонаи Худованд мебаромад, — вай тамоман моту мабҳут гардид,
6
Ва ба подшоҳ гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ дар бораи корҳо ва ҳикмати ту шунидаам, рост будааст.
7
Вале ман ба суханон бовар накарда будам, то даме ки омада, бо чашмони худ дидам; ва инак, нисфаш ба ман маълум нашуда будааст: ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст.
8
Хушо одамони ту, хушо ин навкарони ту, ки ба ҳузури ту ҳамеша меистанд ва ҳикмати туро мешунаванд!
9
Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Исроил нишонидааст! Азбаски Худованд Исроилро ба сурати абадӣ дӯст медорад, Ӯ туро ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».
10
Ва ба подшоҳ саду бист киккар тилло, ва атриёти бағоят зиёде, ва сангҳои гаронбаҳо инъом кард; он қадар атриёти зиёд, ки маликаи Сабо ба подшоҳ Сулаймон инъом кард, ҳаргиз оварда нашуда буд.
11
Ва киштиҳои Ҳиром низ, ки тилло аз Ӯфир оварда буданд, бағоят бисьёр чӯби сандал ва сангҳои гаронбаҳо оварданд.
12
Ва подшоҳ аз ин чӯби сандал нардаҳо барои хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ, ва барбатҳо ва удҳо барои муғанниён сохт; ин қадар чӯби сандал ҳаргиз оварда ва дида нашуда буд.
13
Ва подшоҳ Сулаймон ба маликаи Сабо ҳар чизи дилхоҳи варо, ки талабида буд, дод, ба замми он чи ба вай аз рӯи ҳиммати подшоҳ Сулаймон инъом карда буд. Ва вай бо навкаронаш рӯ ба ҷониби кишвари худ ниҳода, равона шуд.
14
Ва вазни тиллое ки дар як сол назди Сулаймон меомад, шашсаду шасту шаш киккар тилло буд,
15
Илова бар он чи аз бозаргонон, ва аз тиҷорати савдогарон, ва аз ҳамаи подшоҳони Арабистон, ва аз ҳокимони вилоятҳо мерасид.
16
Ва подшоҳ Сулаймон дусад сипари калон аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар шашсад сиқл тилло сарф шуд,
17
Ва сесад сипари хурд аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар се моне тилло сарф шуд; ва подшоҳ онҳоро дар хонаи Ҷангали Лубнон гузошт.
18
Ва подшоҳ тахти калоне аз оҷ сохт, ва онро бо зари холис пӯшонид.
19
Тахт шаш зинапоя дошт, ва сари тахт аз пушташ доирашакл буд, ва нишемангоҳаш аз ду тараф дастмонакҳо дошт, ва ду шер аз паҳлуи дастмонакҳо меистод.
20
Ва дувоздаҳ шер дар он ҷо бар шаш зинапоя аз ду тараф меистод; дар ягон мамлакат мисли он сохта нашуда буд.
21
Ва ҳамаи зарфҳои нӯшидании подшоҳ Сулаймон аз тилло буд, ва ҳамаи зарфҳои хонаи Ҷангали Лубнон аз зари холис буд; ҳеҷ чиз аз нуқра набуд, чунки он дар айёми Сулаймон ҳеҷ қимате надошт.
22
Зеро ки киштиҳои таршишии подшоҳ дар баҳр бо киштиҳои Ҳиром буд; дар се сол як дафъа киштиҳои таршишӣ омада, тилло ва нуқра, оҷ ва маймунҳо ва товусҳо меоварданд.
23
Ва подшоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва ҳикмат аз ҳамаи подшоҳони рӯи замин бузургтар гардид.
24
Ва тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд.
25
Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра, ва колои тилло, ва либос, ва аслиҳа, ва атриёт, ва аспон, ва хачирон сол ба сол меоварданд.
26
Ва Сулаймон аробаҳо ва саворон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор савор дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои ароба ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
27
Ва подшоҳ нуқраро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
28
Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.
29
Ва як ароба аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нукра харида ва берун оварда мешуд, ва як асп — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22