bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Kings 14
1 Kings 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 15 →
1
Дар он замон Абиё, писари Ёробъом, бемор шуд.
2
Ва Ёробъом ба зани худ гуфт: «Лутфан, бархоста, намуди худро дигаргун соз, то надонанд, ки ту зани Ёробъом ҳастӣ, ва ба Шилӯ бирав; инак, Аҳиёи набӣ дар он ҷост, ки ӯ дар бораи ман гуфта буд, ки бар ин қавм подшоҳ хоҳам шуд.
3
Ва дар дасти худ даҳто нон, ва кулчаҳо, ва кӯзаи асал гирифта, назди ӯ бирав; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки ҳоли кӯдак чӣ мешавад».
4
Ва зани Ёробъом ҳамин тавр амал кард, ва бархоста, ба Шилӯ рафт, ва ба хонаи Аҳиё омад; вале Аҳиё наметавонист бубинад, зеро ки чашмонаш аз пирӣ нобино шуда буд.
5
Ва Худованд ба Аҳиё гуфт: «Инак, зани Ёробъом меояд, то дар бораи писараш, ки бемор аст, чизе аз ту бипурсад; ба вай чунин ва чунин бигӯ; ва ҳангоме ки вай меояд, худро ношинос вонамуд хоҳад кард».
6
Ва чун Аҳиё садои пойҳои варо, ки ба дар дохил мешуд, шунид, гуфт: «Эй зани Ёробъом, дохил шав! Чаро ту худро ношинос вонамуд мекунӣ? Ман бо сухани сахт назди ту фиристода шудаам;
7
Рафта, ба Ёробъом бигӯ: „Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски Ман туро аз миёни қавм сарафроз кардам, ва гуро бар қавми Худ Исроил раис таъин намудам,
8
Ва мамлакатро аз хонадони Довуд пора карда гирифтам, ва онро ба ту додам, вале ту мисли бандаам Довуд набудӣ, ки вай аҳкоми Маро риоя мекард ва бо тамоми дили худ Маро пайравӣ намуда, фақат он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба амал меовард;
9
Ва ту аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ту буданд, бадтар рафтор кардӣ, ва рафта, худоёни дигар ва бутҳои рехтае барои худ сохтӣ, то ки Маро ба ғазаб оварӣ; ва Маро ту аз худ дур андохтӣ, —
10
Бинобар ин, инак Ман бар хонадони Ёробъом фалокат меоварам, ва аз Ёробъом ҳар нарина ва ҳар бандӣ ва озодро, ки дар Исроил бошанд, маҳв менамоям, ва хонадони Ёробъомро тамоман нест мекунам, чунон ки наҷосатро то ба охир нест мекунанд;
11
Ҳар кӣ аз Ёробъом дар шахр бимирад, варо сагон хоҳанд хӯрд, ва ҳар кӣ дар саҳро бимирад, варо мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд, зеро ки Худованд чунин гуфтааст“.
12
Ва ту бархоста, ба хонаи худ бирав; пойҳоят ба шаҳр расидан замон кӯдак хоҳад мурд;
13
Ва тамоми Исроил барои вай навҳа намуда, варо дафн хоҳанд кард, зеро ки танҳо вай аз Ёробъом ба мақбара дохил хоҳад шуд, чунки дар вай аз хонадони Ёробъом чизи хубе нисбат ба Худованд Худои Исроил ёфт шудааст;
14
Ва Худованд барои Худ подшоҳе бар Исроил таъин хоҳад намуд, ки вай хонадони Ёробъомро худи имрӯз маҳв хоҳад кард, ва низ баъд аз ин;
15
Ва Худованд Исроилро зарба хоҳад зад, ва онҳо мисли нае ки дар об мекалавад, хоҳанд буд; ва Исроилро аз ин замини хубе ки ба падаронашон дода буд, решакан хоҳад кард, ва онҳоро ба он тарафи наҳр пароканда хоҳад намуд, чунки онҳо барои худ бутҳои Ашера сохта, Худовандро ба ғазаб оварданд;
16
Ва Исроилро таслим хоҳад намуд, ба сабаби гуноҳҳои Ёробъом, ки вай худаш гуноҳ кард, ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонид».
17
Ва зани Ёробъом бархоста, равона шуд ва ба Тирсо омад; ҳамин ки вай ба остонаи хона расид, бача мурд.
18
Ва ӯро дафн карданд, ва барои ӯ тамоми Исроил навҳа намуданд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи бандаи Худ Аҳиёи набӣ гуфта буд.
19
Ва бақияи аъмоли Ёробъом — чӣ гуна ҷанг карданаш ва чӣ гуна салтанат ронданаш, — дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
20
Ва айёме ки Ёробъом подшоҳӣ кард, бисту ду сол буд; ва ӯ бо падарони худ хобид, ва писараш Нодоб ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
21
Ва Раҳабъом ибни Сулаймон дар Яҳудо подшоҳӣ мекард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.
22
Ва аҳли Яҳудо он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва бо гуноҳҳое ки карданд, бештар аз ҳар чи падаронашон карда буданд, Ӯро ба ғазаб оварданд.
23
Ва онҳо низ барои худ бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз ибодатгоҳҳо ва сутунҳо ва Ашераҳо бино карданд.
24
Ва ливотагарон низ дар ин кишвар буданд: онҳо ҳамаи корҳои зишти халқҳоеро, ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд, ба ҷо меоварданд.
25
Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишак, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад;
26
Ва ганҷҳои хонаи Худованд, ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — хама чизро гирифт; ва ҳамаи сипарҳои тиллоро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.
27
Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.
28
Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шотирон онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шотирон бармегардониданд.
29
Ва бақияи аъмоли Раҳабъом ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
30
Ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг бурда мешуд.
31
Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд. Ва номи модараш Наамои аммӯнӣ буд. Ва писараш Абиём ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22