bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Kings 18
1 Kings 18
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 19 →
1
Ва баъд аз рӯзҳои зиёде каломи Худованд дар соли сеюм бар Ильёс нозил шуда, гуфт: «Рафта, худро ба Аҳъоб зоҳир намо, ва Ман бар замин борон хоҳам боронид».
2
Ва Ильёс рафт, то ки худро ба Аҳъоб нишон диҳад; ва қаҳтӣ дар Сомария сахт буд.
3
Ва Аҳъоб Убадьёҳуро, ки нозири хонаи ӯ буд, даъват намуд; ва Убадьёҳу шахси бағоят худотарс буд.
4
Ва ҳангоме ки Изобал анбиёи Худовандро маҳв менамуд, Убадьёҳу сад нафар анбиёро гирифта, дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кард, ва онҳоро бо нон ва об таъмин намуд.
5
Ва Аҳъоб ба Убадьёҳу гуфт: «Дар замин ҳамаи чашмаҳои об ва ҳамаи наҳрҳоро тай намо, ки шояд алафе пайдо карда, аспон ва хачиронро зинда нигоҳ дорем, ва аз чорпоён маҳрум нашавем».
6
Ва онҳо заминро дар миёни худ тақсим карданд, то ки онро тай намоянд: Аҳъоб бо як роҳ танҳо рафт, ва Убадьёҳу бо роҳи дигар танҳо рафт.
7
Ва ҳангоме ки Убадьёҳу дар роҳ буд, инак, Ильёс бо вай вохӯрд; вай ӯро шинохт ва бар рӯи худ афтода, гуфт: «Оё оғоям Ильёс ту ҳастӣ?»
8
Вай ба ӯ гуфт: «Ман ҳастам; рафта, ба оғои худ бигӯй: „Ильёс ин ҷост“».
9
Вай гуфт: «Ман чӣ гуноҳ кардаам, ки ту бандаи худро ба дасти Аҳъоб месупорӣ, то ки маро бикушад?
10
Қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту, ки қавме ва мамлакате нест, ки оғоям барои ҷустуҷӯи ту ба он чо нафиристода бошад, ва онҳо мегуфтанд: „Ин ҷо нест“; ва ӯ он мамлакат ва халқро қасам медод, ки туро наёфтаанд;
11
Ва алҳол ту мегӯӣ: рафта, ба оғои худ бигӯй: „Ильёс ин ҷост“.
12
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун аз пеши ту биравам, ва Рӯҳи Худованд туро ба ҷое ки намедонам, бардошта барад, ва ман рафта ба Аҳъоб хабар диҳам, ва ӯ туро наёбад, — дар он сурат ӯ маро хоҳад кушт; ва бандаат аз бачагии худ аз Худованд метарсад;
13
Оё оғоям хабар наёфтааст аз он чи ман кардам, яъне вақте ки Изобал анбиёи Худовандро мекушт, ман сад нафар анбиёро дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кардам, ва онҳоро бо нон ва об таъмин намудам;
14
Ва алҳол ту мегӯӣ: рафта ба оғоят бигӯй: „Ильёс ин ҷост“. Пас, ӯ маро хоҳад кушт».
15
Ва Ильёс гуфт: «Ба ҳаёти Худованди лашкарҳо, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки имрӯз худро ба вай нишон хоҳам дод».
16
Ва Убадьёҳу ба истиқболи Аҳъоб рафта, ба вай хабар дод; ва Аҳъоб ба истиқболи Ильёс рафт.
17
Ва ҳангоме ки Аҳъоб Ильёсро дид, Аҳъоб ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳастӣ, ки Исроилро ба изтироб андохтаӣ?»
18
Ва ӯ гуфт: «Исроилро ман ба изтироб наандохтаам, балки ту ва хонадони падарат, чунки шумо аҳкоми Худовандро тарк кардед, ва ту Баалҳоро пайравӣ намудӣ.
19
Ва алҳол фиристода, тамоми Исроилро назди ман бар кӯҳи Кармил ҷамъ кун, ва низ чорсаду панҷоҳ нафар анбиёи Баал ва чорсад нафар анбиёи Ашераро, ки аз суфраи Изобал хӯрок мехӯранд».
20
Ва Аҳъоб назди тамоми банӣ‐Исроил фиристод, ва анбиёро бар кӯҳи Кармил ҷамъ кард.
21
Ва Ильёс ба тамоми қавм наздик омада, гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед». Вале қавм дар ҷавоби ӯ сухане нагуфтанд.
22
Ва Ильёс ба қавм гуфт: «Ман танҳо ҳамчун набии Худованд боқӣ мондаам, валекин анбиёи Баал чорсаду панҷоҳ нафаранд.
23
Бигзор ба мо ду гов диҳанд, ва онҳо бигзор як говро барои худ интихоб намоянд, ва онро пора‐пора карда, бар ҳезум монанд, вале оташ нагузоранд; ва ман гови дигарро тайёр карда, бар ҳезум мемонам, вале оташ намегузорам.
24
Ва шумо номи худои худро бихонед, ва ман исми Худовандро хоҳам хонд, ва он Худое ки бо оташ ҷавоб гардонад, Ӯ Худо бошад». Ва тамоми қавм ҷавоб дода, гуфтанд: «Дуруст гуфтӣ».
25
Ва Ильёс ба анбиёи Баал гуфт: «Як говро барои худ интихоб намуда, шумо аввал тайёр кунед, зеро ки бисьёр ҳастед; ва номи худои худро бихонед, вале оташ нагузоред».
26
Ва говеро, ки ба онҳо дода шуд, гирифта, тайёр карданд, ва номи Баалро аз субҳ то нимирӯзӣ хонда, гуфтанд: «Эй Баал, ба мо ҷавоб гардон!» Вале на садое буд ва на ҷавобе. Ва онҳо назди қурбонгоҳе ки сохта буданд, ҷастухез мекарданд.
27
Ва дар нимирӯзӣ Ильёс онҳоро тамасхур намуда, гуфт: «Бо овози баланд бихонед, зеро ки вай худост; шояд, ба мусоҳибае машғул бошад, ё барои қазои ҳоҷат дур шуда бошад, ё дар сафар бошад, шояд, хоб рафта бошад, ва бедор шавад».
28
Ва онҳо бо овози баланд мехонданд, ва худро, бар тибқи одати худ, бо шамшерҳо ва найзаҳо захмдор мекарданд, ба дараҷае ки хун бар онҳо чорӣ мешуд.
29
Ва баъд аз гузаштани нимирӯзӣ онҳо то вақти баровардани қурбонии шом доду фарьёд карданд, валекин на садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷӯҳе.
30
Ва Ильёс ба тамоми қавм гуфт: «Ба ман наздик оед». Ва тамоми қавм ба ӯ наздик омаданд; ва ӯ қурбонгоҳи Худовандро, ки вайрон шуда буд, таъмир кард.
31
Ва Ильёс дувоздаҳ санг гирифт, бар тибқи шумораи сибтҳои банӣ‐Яъқуб, ки каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфта буд: «Номи ту Исроил хоҳад буд».
32
Ва аз он сангҳо қурбонгоҳе ба исми Худованд бино кард; ва гирдогирди қурбонгоҳ хандақе сохт, ки сатҳи кишти ду сео тухмиро дошт.
33
Ва ҳезумро ҷо ба ҷо монд; ва говро пора‐пора карда, бар ҳезум гузошт.
34
Ва гуфт: «Чор чалакро об пур карда, бар қурбонии сӯхтанӣ ва бар ҳезум бирезед». Ва гуфт: «Бори дуюм ин корро бикунед!» Ва бори дуюм карданд. Ва гуфт: «Бори сеюм ин корро бикунед!» Ва бори сеюм карданд.
35
Ва об гирдогирди қурбонгоҳ ҷорӣ шуд, ва хандақ низ аз об пур шуд.
36
Ва дар вақти баровардани қурбонии шом Ильёси набӣ наздик омада, гуфт: «Эй Худованд, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил! Бигзор имрӯз маълум гардад, ки Ту дар Исроил Худо ҳастӣ, ва ман бандаи Ту ҳастам, ва ҳамаи инро бар тибқи каломи Ту кардаам.
37
Маро иҷобат намо, эй Худованд, маро иҷобат намо! Ва бигзор ин қавм дарк кунанд, ки Ту Худованд Худо ҳастӣ, ва Ту дили онҳоро хоҳӣ баргардонид».
38
Ва оташи Худованд фурӯ рехта, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳезум ва хокро фурӯ бурд, ва оберо, ки дар хандақ буд, лесид.
39
Ва тамоми қавм инро диданд, ва бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Худованд Худост! Худованд Худост!»
40
Ва Ильёс ба онҳо гуфт: «Анбиёи Баалро дастгир кунед, як нафар ҳам аз онҳо раҳо нашавад!» Ва онҳоро дастгир карданд. Ва Ильёс онҳоро назди наҳри Қишӯн фурӯд овард, ва дар он ҷо онҳоро кушт.
41
Ва Ильёс ба Аҳъоб гуфт: «Баромада, бихӯр ва бинӯш, зеро ки садои борони зиёде меояд».
42
Ва Аҳъоб баромад, то ки бихӯрад ва бинӯшад; ва Ильёс бар қуллаи Кармил баромада, бар замин хам шуд, ва рӯи худро ба миёни зонуҳояш гузошт.
43
Ва ба навкари худ гуфт: «Лутфан, баромада ба тарафи баҳр бингар». Вай баромада, нигарист ва гуфт: «Чизе нест». Ҳафт бор Ильёс ба ӯ гуфт: «Боз бирав ва бингар».
44
Ва дар бори ҳафтум вай гуфт: «Инак, абри хурде ба андозаи кафи одам аз баҳр мебарояд». Ва ӯ гуфт: «Баромада, ба Аҳъоб бигӯй: „Аробаатро баста, фурӯд ой, то ки борон ба ту монеъ нашавад“».
45
Дар ин миён осмон аз абрҳо ва аз бод тира шуда, борони сахт борид; ва Аҳъоб ба аробааш савор шуда, ба Изреъил рафт.
46
Ва дасти Худованд бар Ильёс буд, ва ӯ камари худро баста, пешопеши Аҳъоб то даромадгоҳи Изреъил давид.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22