bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Kings 19
1 Kings 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 20 →
1
Ва Аҳъоб ба Изобал аз он чи Ильёс кард, ва чӣ гуна тамоми анбиёро бо шамшер кушт, хабар дод.
2
Ва Изобал қосидеро назди Ильёс фиристода, гуфт: «Худоён ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунанд, агар фардо дар ҳамин вақт ҷони туро мисли ҷони яке аз онҳо насозам».
3
Ва ӯ ин хатарро дида, бархост ва барои ҳифзи ҷони худ равона шуда, ба Беэр‐Шобаъ, ки дар Яҳудост, омад, ва навкари худро дар он ҷо гузошт.
4
Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».
5
Ва зери дарахти ратам ёзида, хобид. Ва инак, фариштае ӯро ламс намуда, гуфт: «Бархез, бихӯр».
6
Ва ӯ нигарист, ва инак, назди сараш кулчаи бар лахчаҳо пухташуда ва кӯзаи об буд. Ва ӯ хӯрд ва нӯшид, ва боз хобид.
7
Ва фариштаи Худованд бори дуюм омад, ва ӯро ламс намуда, гуфт: «Бархез, бихӯр, зеро ки роҳи дуре пеши туст».
8
Ва ӯ бархоста, хӯрд ва нӯшид, ва бо қуввати ин хӯрок чил рӯз ва чил шаб то Ҳӯриб, ки кӯҳи Худост, рафт.
9
Ва дар он ҷо ба мағорае даромад, ва шабро дар он гузаронид. Ва инак, каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»
10
Ва ӯ гуфт: «Ман барои Худованд Худои лашкарҳо рашки азиме дорам, зеро ки банӣ‐Исроил аҳди Туро тарк намудаанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон кардаанд ва анбиёи Туро бо шамшер куштаанд; ва танҳо ман боқӣ мондаам, вале ҷони маро низ металабанд, то ки онро бигиранд».
11
Ва гуфт: «Берун ой ва бар кӯҳ ба ҳузури Худованд биист». Ва инак, Худованд убур менамояд, ва боди азим ва пурзӯре кӯҳҳоро ба ҳузури Худованд аз ҳам ҷудо ва сахраҳоро пора‐пора мекунад, вале Худованд дар бод нест. Ва баъд аз бод — зилзилае, вале Худованд дар зилзила нест.
12
Ва баъд аз зилзила — оташе, вале Худованд дар оташ нест. Ва баъд аз оташ — садои пичирроси оҳиста.
13
Ва ҳангоме ки Ильёс инро шунид, рӯи худро бо ридои худ пӯшонида, берун омад ва дар даҳани мағора истод. Ва инак, овозе ба ӯ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»
14
Ва ӯ гуфт: «Ман барои Худованд Худои лашкарҳо рашки азиме дорам, зеро ки банӣ‐Исроил аҳди Туро тарк намудаанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон кардаанд ва анбиёи Туро бо шамшер куштаанд; ва танҳо ман боқӣ мондаам, вале ҷони маро низ металабанд, то ки онро бигиранд».
15
Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Рафта, бо роҳи худ ба биёбони Димишқ баргард, ва омада, Ҳазоилро ба подшоҳӣ бар Арам тадҳин намо;
16
Ва Еҳу ибни Нимширо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намо, ва Элишоъ ибни Шофотро, ки аз Обил‐Маҳӯло мебошад, ба набигӣ ба ҷои худат тадҳин намо.
17
Ва ҳар кӣ аз шамшери Ҳазоил раҳо шавад, варо Еҳу хоҳад кушт; ва ҳар кӣ аз шамшери Еҳу раҳо шавад, варо Элишоъ хоҳад кушт.
18
Ва Ман дар Исроил ҳафт ҳазор нафарро боқӣ хоҳам гузошт, — ҳар зонуеро, ки пеши Баал хам нашудааст, ва ҳар даҳонеро, ки варо набӯсидааст».
19
Ва ӯ аз он ҷо рафта, Элишоъ ибни Шофотро ёфт, ки вай шудгор мекард; дувоздаҳ ҷуфт гов пешопеши вай, ва худаш бо ҷуфти дувоздаҳум буд. Ва Ильёс аз пеши вай гузашта, ридои худро бар китфи вай партофт.
20
Вай говҳоро тарк намуда, аз ақиби Ильёс давид, ва гуфт: «Изн бидеҳ, ки падару модари худро бибӯсам, ва сонӣ аз ақиби ту биравам». Ва ӯ ба вай гуфт: «Бирав ва баргард, зеро ки ман ба ту чӣ кардаам?»
21
Ва барои пайравии ӯ баргашта, як ҷуфт говҳоро гирифт, ва онҳоро забҳ намуда, гӯшташонро бар оташи олоти говон пухт, ва онро ба мардум дод, ва онҳо хӯрданд; ва бархоста, аз ақиби Ильёс рафт, ва хизмати ӯро ба ҷо овард.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22