bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Samuel 15
2 Samuel 15
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 16 →
1
Ва пас аз он чунин воқеъ шуд, ки Абшолӯм барои худ ароба ва аспон муҳайё кард, ва панҷоҳ нафар шотирон пешопеши ӯ медавиданд.
2
Ва Абшолӯм бомдодон бармаҳал бархоста, дар сари роҳи дарвоза меистод; ва ҳар касе ки даъвое дошта, барои мурофиа назди подшоҳ меомад, варо Абшолӯм даъват намуда, мегуфт: «Ту аз кадом шаҳр ҳастӣ?» Ва ҳангоме ки вай мегуфт: «Бандаат аз фалон сибти Исроил ҳастам»,
3
Он гоҳ Абшолӯм ба вай мегуфт: «Инак, суханонат дуруст ва ҳаққонист, вале касе аз ҷониби подшоҳ нест, ки туро бишнавад».
4
Ва Абшолӯм мегуфт: «Кошки ман дар ин замин довар мешудам, ва ҳар касе ҷанҷол ва даъвое медошт, назди ман меомад, ва ман варо одилона доварӣ менамудам!»
5
Ва ҳангоме ки касе наздик меомад, то ки ба ӯ саҷда барад, ӯ дасти худро дароз карда, варо нигоҳ медошт ва мебӯсид.
6
Ва Абшолӯм бо ҳамаи исроилиёне ки барои мурофиа назди подшоҳ меомаданд, ҳамин тавр рафтор мекард; ва Абшолӯм дили мардуми Исроилро мерабуд.
7
Ва чунин воқеъ шуд, ки пас аз гузаштани чор сол Абшолӯм ба Довуд гуфт: «Ба ман изн бидеҳ, ки рафта, назри худро, ки барои Худованд дар Ҳебрӯн ният кардаам, адо намоям;
8
Зеро бандаат, вақте ки дар Ҷашури арамиён сокин будам, назр карда, гуфтаам: „Агар Худованд маро ба Ерусалим баргардонад, ман Худовандро ибодат хоҳам намуд“».
9
Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба саломатӣ бирав». Ва ӯ бархоста, ба Ҳебрӯн рафт.
10
Ва Абшолӯм ба ҳамаи сибтҳои Исроил ҷосусонро фиристода, гуфт: «Баробари шунидани садои шох бигӯед: „Абшолӯм дар Ҳебрӯн подшоҳ шудааст“».
11
Ва бо Абшолӯм дусад нафар даъватшудагон аз Ерусалим рафта буданд, дар ҳолате ки аз рӯи софдилӣ рафта, аз таги гап ҳеҷ хабар надоштанд.
12
Ва Абшолӯм, вақте ки қурбониҳоро забҳ менамуд, назди Аҳитӯфали ҷилӯнӣ, ки машваратчии Довуд буд, фиристода, варо аз шаҳри Ҷилӯ даъват намуд; ва суиқасди пурзӯре ба амал омад, ва қавм торафт бештар ба Абшолӯм ҳамроҳ мешуданд.
13
Ва қосиде назди Довуд омада, гуфт: «Дили мардуми Исроил ба тарафи Абшолӯм моил шудааст».
14
Ва Довуд ба ҳамаи навкаронаш, ки бо ӯ дар Ерусалим буданд, гуфт: «Бархезед, то ки бигрезем, зеро ки барои мо аз дасти Абшолӯм халосӣ нахоҳад буд; ба рафтан шитоб кунед, мабодо ӯ омада, моро дастгир намояд ва фалокате ба сари мо биёрад, ва аҳли шаҳрро ба дами шамшер бизанад».
15
Ва навкарони подшоҳ ба подшоҳ гуфтанд: «Дар ҳар чи, ки оғои мо подшоҳ ихтиёр кунад, инак, мо бандагони ту ҳастем».
16
Ва подшоҳ ва тамоми аҳли байташ аз паи ӯ берун рафтанд: ва подшоҳ даҳ занро, ки сурриягонаш буданд, барои нигоҳубини хона монда рафт.
17
Ва подшоҳ ва тамоми қавм аз паи ӯ берун рафта, дар охирин хонаи шаҳр бозистоданд.
18
Ва ҳамаи навкаронаш аз пеши ӯ гузаштанд; ва ҳамаи каритиён ва ҳамаи фалитиён, ва ҳамаи ҷаттиён, яъне шашсад нафаре ки аз паи ӯ аз Ҷат омада буданд, аз пеши подшоҳ гузаштанд.
19
Ва подшоҳ ба Иттои ҷаттӣ гуфт: «Ҷаро ту низ ҳамроҳи мо меоӣ? Баргард ва ҳамроҳи он подшоҳ бимон, зеро ки ту аҷнабӣ ҳастӣ, ва ту низ аз макони худ ҷалои ватан гардидаӣ.
20
Ту, охир, дирӯз омадаӣ, ва оё имрӯз ман туро ҳамроҳи мо ба оворагардӣ водор намоям? Ва ҳол он ки ман ба ҳар ҷо, ки рост ояд, меравам; пас, баргард ва бародарони худро баргардон. Эҳсон ва ростӣ ёри ту бод!»
21
Ва Иттой ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти оғоям подшоҳ, ки ҳар ҷое ки оғоям подшоҳ, хоҳ дар мамот ва хоҳ дар ҳаёт бошад, бандаи ту дар он ҷо хоҳад буд».
22
Ва Довуд ба Иттой гуфт: «Пас, бирав ва бигзар». Ва Иттои ҷаттӣ, ва ҳамаи одамонаш ва ҳамаи кӯдаконе ки бо ӯ буданд, гузаштанд.
23
Ва тамоми аҳли он замин бо овози баланд гирья мекарданд, ва тамоми қавм мегузаштанд; ва подшоҳ аз наҳри Қидрӯн гузашт, ва тамоми қавм ба роҳи биёбон гузаштанд.
24
Ва инак Содӯқ низ ва ҳамаи левизодагон бо вай сандуқи аҳди Худоро бардошта мебурданд, ва сандуқи Худоро гузоштанд; ва Абьётор бар баландие баромада истод, то даме ки тамоми қавм аз шаҳр берун омада, гузаштанд.
25
Ва подшоҳ ба Содӯқ гуфт: «Сандуқи Худоро ба шаҳр баргардон. Агар ман дар назари Худо илтифот ёбам, Ӯ маро хоҳад баргардонид, ва онро, ва маскани онро ба ман нишон хоҳад дод.
26
Ва агар чунин гӯяд: „Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ту нест“, — инак ман ҳозирам, бигзор он чи дар назараш писанд ояд, дар ҳаққи ман ба амал оварад».
27
Ва подшоҳ ба Содӯқи коҳин гуфт: «Ту магар намебинӣ? Пас, ба шаҳр ба саломатӣ баргард, ва бигзор писари ту Аҳимаас ва писари Абьётор — Йӯнотон, яъне ҳар ду писари шумо, ҳамроҳи шумо бошанд.
28
Бидонед, ки ман дар ҳамвории биёбон даранг хоҳам кард, то даме ки сухане аз шумо расида, маро хабардор гардонад».
29
Ва Содӯқ ва Абьётор сандуқи Худоро ба Ерусалим баргардонида, дар он ҷо монданд.
30
Ва Довуд ба кӯҳи Зайтун баромад, ва ҳангоми баромаданаш мегирист, ва сараш пӯшида буд, ва ӯ пойлуч роҳ мерафт; ва тамоми қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ҳар яке сари худро пӯшонида, гирьякунон мерафтанд.
31
Ва ба Довуд хабар расонида, гуфтанд: «Аҳитӯфал бо Абшолӯм забон як кардааст». Ва Довуд гуфт: «Лутфан, эй Худованд, машварати Аҳитӯфалро ботил намо!»
32
Ва ҳангоме ки Довуд ба қуллаи кӯҳ, ки дар он ҷо ба Худо саҷда мебурд, расид, инак, Ҳушои аркӣ, ки ҷомаи дарида дар бар дошт ва хок бар сараш пошида буд, ба пешвози ӯ омад.
33
Ва Довуд ба вай гуфт: «Агар ту бо ман биёӣ, барои ман гаронӣ хоҳӣ кард.
34
Валекин агар ба шаҳр баргардӣ, ва ба Абшолӯм бигӯӣ: „Ман навкари ту, эй подшоҳ, хоҳам буд, чунон ки муддати зиёде ман навкари падарат будам, алҳол ман бандаи ту хоҳам буд“, — бо ҳамин ту машварати Аҳитӯфалро барои ман ботил хоҳӣ гардонид.
35
Дар он ҷо коҳинон Содӯқ ва Абьётор бо ту хоҳанд буд; ва ҳар сухане ки ту аз хонаи подшоҳ бишнавӣ, ба коҳинон Содӯқ ва Абьётор хабар деҳ.
36
Инак: ду писари онҳо: Аҳимаас писари Содӯқ ва Йӯнотон писари Абьётор дар он ҷо бо онҳо мебошанд; ва ҳар чизе ки бишнавед, ба воситаи онҳо ба ман хоҳед фиристод».
37
Ва чун Ҳушой, ки дӯсти Довуд буд, ба шаҳр омад, Абшолӯм ба Ерусалим ворид шуда буд.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24