bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Samuel 21
2 Samuel 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
1
Ва дар айёми Довуд се сол, сол аз паи сол, қаҳтӣ шуд, ва Довуд аз Худованд пурсид, ва Худованд гуфт: «Ин аз боиси Шоул ва хонадони хунрезӣ ӯст, аз боиси он аст, ки ӯ ҷибъӯниёнро куштааст».
2
Ва подшоҳ ҷибъӯниёнро даъват намуда, бо онҳо сухан ронд. Валекин ҷибъӯниён аз банӣ‐Исроил не, балки аз бақияи амӯриён буданд, ва банӣ‐Исроил ба онҳо қасам хӯрда буданд, аммо Шоул аз рашке ки барои банӣ‐Исроил ва Яҳудо дошт, мехост онҳоро несту нобуд кунад.
3
Ва Довуд ба ҷибъӯниён гуфт: «Барои шумо чӣ кор кунам, ва бо чӣ гуна тадбир кафорат намоям, то ки шумо мулки Худовандро баракат диҳед?»
4
Ва ҷибъӯниён ба ӯ гуфтанд: «Аз Шоул ва хонадонаш нуқра ва тилло талаб надорем, ва моро лозим нест, ки касе дар Исроил кушта шавад». Ва ӯ гуфт: «Ҳар чӣ шумо бигӯед, бароятон хоҳам кард».
5
Ва онҳо ба подшоҳ гуфтанд: «Он касе ки моро несту нобуд мекард, ва дар ҳаққи мо ният дошт, ки моро маҳв намояд, то ки дар тамоми ҳудуди Исроил касе аз мо боқӣ намонад, —
6
Бигзор ҳафт нафар аз фарзандони вай ба мо супурда шаванд, ва мо онҳоро барои Худованд дар Ҷибъои Шоул, ки гузини Худованд буд, ба дор хоҳем кашид». Ва подшоҳ гуфт: «Ман онҳоро хоҳам супурд».
7
Вале подшоҳ ба Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул раҳм кард, ба хотири қасами Худованд, ки дар миёни онҳо, яъне дар миёни Довуд ва Йӯнотон ибни Шоул буд.
8
Ва подшоҳ Армӯнӣ ва Мефибӯшет — ду писари Рисфо бинти Айёро, ки барои Шоул зоида буд, ва панҷ писари Мераб бинти Шоулро, ки барои Адриил ибни Барзилои маҳулотӣ зоида буд, гирифт,
9
Ва онҳоро ба дасти ҷибъӯниён супурд, ва онҳоро бар кӯҳ ба ҳузури Худованд ба дор кашиданд, ва ин ҳафт нафар якҷоя афтоданд; ва онҳо дар рӯзҳои аввали дарав, дар ибтидои дарави ҷав кушта шуданд.
10
Ва Рисфо бинти Айё палосе гирифта, онро аз ибтидои дарав барои худ бар сахра густаронид, ва то вақте ки об бар онҳо аз осмон рехт, нагузошт, ки мурғони ҳаво рӯзона ва ҳайвоноти саҳро шабона бар онҳо фурӯд оянд.
11
Ва ба Довуд аз он чи Рисфо бинти Айё, суррияи Шоул, карда буд, хабар доданд.
12
Ва Довуд рафта, устухонҳои Шоул, ва устухонҳои писари ӯ Йӯнотонро аз сокинони Ёбиш‐Ҷилъод гирифт: онҳо он устухонҳоро аз майдони Байт‐Шон дуздида буданд, ки дар он ҷо фалиштиён онҳоро ба дор кашида буданд, дар рӯзе ки фалиштиён Шоулро дар Ҷилбӯа кушта буданд.
13
Ва ӯ аз он ҷо устухонҳои Шоул ва устухонҳои писари ӯ Йӯнотонро овард, ва устухонҳои онҳоеро, ки ба дор кашида шуда буданд, ҷамъ карданд,
14
Ва устухонҳои Шоул ва писари ӯ Йӯнотонро дар замини Биньёмин, дар Селоъ, дар мақбараи падараш Қиш дафн карданд, ва ҳар чиро, ки подшоҳ амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва баъд аз он Худо бар замин марҳамат намуд.
15
Ва боз фалиштиён бо Исроил ҷанг карданд; ва Довуд бо навкаронаш фурӯд омада, бо фалиштиён ҷангиданд, ва Довуд монда шуд.
16
Ва Йишбии нубӣ, ки аз авлоди Рофо буд, ва вазни найзааш сесад сиқл мис буд, ва шамшери наве бар камар дошт, хост, ки Довудро бикушад.
17
Вале Абишой ибни Саруё ба ӯ ёварӣ намуд, ва фалиштиро зада, кушт. Он гоҳ одамони Довуд қасам хӯрда, ба ӯ гуфтанд: «Дигар бо мо ба ҷанг нахоҳӣ баромад, то ки чароғи Исроилро хомӯш накунӣ».
18
Ва баъд аз он боз ҷанге бо фалиштиён дар Ҷуб рӯй дод; он вақт Сибкои ҳушотӣ Сафро, ки аз авлоди Рофо буд, кушт.
19
Ва боз ҷанге бо фалиштиён дар Ҷуб рӯй дод; ва Элҳонон ибни Яъре‐Урҷими байтлаҳмӣ Ҷольёти ҷаттиро кушт, ки дастаи найзааш мисли наварди нассоҷон буд.
20
Ва боз ҷанге дар Ҷат рӯй дод; ва марди бузургҷуссае буд, ки дасту пойҳояш ҳар яке шаш ангушт дошт, — ҷамъ бисту чорто; вай низ аз авлоди Рофо буд.
21
Ва ҳангоме ки вай Исроилро дашном медод, Йӯнотон ибни Шимъо, бародари Довуд, варо кушт.
22
Ин чор нафар барои Рофо дар Ҷат зоида шуда буданд, ва аз дасти Довуд ва навкаронаш фурӯ ғалтиданд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24