bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Samuel 9
2 Samuel 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 10 →
1
Ва Довуд гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай эҳсон намоям?»
2
Ва дар хонадони Шоул навкаре буд, ки Сибо ном дошт; ва ӯро назди Довуд хонданд, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Оё ту Сибо ҳастӣ?» Гуфт: «Бандаи ту ҳастам».
3
Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай эҳсони Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст».
4
Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир ибни Амиил дар Лӯ‐Дабор мебошад».
5
Ва подшоҳ Довуд фиристода, варо аз хонаи Мокир ибни Амиил, аз Лӯ‐Дабор гирифт.
6
Ва Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ сачда бурд; ва Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту».
7
Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта эҳсон хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид; ва ту ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳӣ хӯрд».
8
Ва вай саҷда бурда, гуфт: «Бандаи ту чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?»
9
Ва подшоҳ навкари Шоул Сиборо хонда, ба вай гуфт: «Ҳар он чиро, ки ба Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари оғоят додам.
10
Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари оғоят нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет, писари оғоят, ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт.
11
Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Мувофиқи ҳар он чи оғоям подшоҳ амр фармудааст, бандаат ҳамон тавр амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари суфраи ман хоҳад хӯрд».
12
Ва Мефибӯшет писари хурдсоле дошт, ки номаш Михо буд. Ва ҳамаи сокинони хонаи Сибо навкарони Мефибӯшет буданд.
13
Ва Мефибӯшет дар Ерусалим сукунат дошт, зеро ки ҳамеша дар сари суфраи подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24