bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Samuel 23
2 Samuel 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
1
Ва ин аст суханони охирини Довуд — ваҳйи Довуд ибни Йисой, — ваҳйи марде ки баланд бардошта шуд, яъне масеҳи Худои Яъқуб, ва муғаннии ширинкаломи Исроил:
2
«Рӯҳи Худо дар ман сухан ронд, ва каломи Ӯ бар забони ман аст.
3
Худои Исроил сухан ронд, кӯҳпораи Исроил ба ман гуфт: „Касе ки бар одамон салтанат меронад, бояд одиле бошад, ки бо худотарсӣ салтанат ронад.
4
Ва ин мисли рӯшноии субҳ аст, вақте ки офтоб тулӯъ мекунад, яъне вақте ки субҳ бе абр аст, ва аз дурахшонии баъд аз борон майса аз замин неш зада мебарояд“.
5
Оё хонаи ман бо Худо чунин нест? Ӯ, охир, аҳди ҷовидонӣ бо ман бастааст, ки он аз ҳар ҷиҳат мураттаб ва мустаҳкам аст. Пас, оё тамоми наҷоти маро, ва тамоми муроди маро Ӯ ба вуҷуд намеоварад?
6
Вале нобакорон саросар мисли хорҳо мебошанд, ки дур андохта мешаванд, чунки онҳоро ба даст гирифтан мумкин нест.
7
Ва агар касе бихоҳад ба онҳо даст расонад, бояд бо оҳан ва чӯбдастаи найза мусаллаҳ шавад; ва онҳо дар макони худ бо оташ сӯзонида мешаванд».
8
Ин аст номҳои паҳлавононе ки Довуд дошт: он ки дар маҷлиси ҳакимон менишаст ва сардори сегона буд, яъне Адинӯ Ҳоэснӣ, ки бар ҳаштсад нафар тохт оварда, ҳамаашонро дар як маърака кушта буд.
9
Ва баъд аз вай Элъозор ибни Дӯдӯ ибни Аҳӯҳӣ, яке аз он се паҳлавоне ки бо Довуд буданд. Вақте ки фалиштиёнро ба воситаи дашномҳо иғво карданд, онҳо барои ҷанг ҷамъ шуданд, вале мардуми Исроил гурехта рафтанд,
10
Он гоҳ ӯ бархоста, ба фалиштиён шикаст расонид, ба тавре ки дасташ хаста шуд ва дасташ ба шамшер часпид; ва Худованд дар он рӯз ғалабаи бузурге ба амал овард, ва қавм аз паи ӯ фақат барои яғмо кардан баргаштанд.
11
Ва баъд аз ӯ Шаммо ибни Оҷии ҳарорӣ. Вақте ки фалиштиён дар ӯрдугоҳ ҷамъ омаданд, дар ҷое ки қитъаи саҳро пур аз адас буд, вале қавм аз пеши фалиштиён гурехта рафтанд,
12
Он гоҳ ӯ дар миёни он қитъа истода, онро ҳимоят намуд, ва ба фалиштиён шикаст расонид; ва Худованд ғалабаи бузурге ба амал овард.
13
Ва се нафар аз он сӣ сардор фурӯд омада, дар вақти дарав назди Довуд ба мағораи Адулом даромаданд; ва қӯшуни фалиштиён дар водии Рафоим ӯрду зада буданд.
14
Ва Довуд он вақт дар қалъа буд; ва дастаи фалиштиён он вақт дар Байт‐Лаҳм меистоданд.
15
Ва Довуд изҳори орзу намуда, гуфт: «Кошки касе маро аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об бинӯшонад!»
16
Ва ин се паҳлавон ӯрдугоҳи фалиштиёнро рахна карда, аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об кашиданд ва онро бардошта, назди Довуд оварданд, вале ӯ нахост, ки онро бинӯшад, ва онро ҳамчун ҳадияи рехтанӣ барои Худованд рехт,
17
Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни он касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузошта рафтаанд?» Ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон карданд.
18
Ва Абишой, бародари Юоб ибни Саруё, сардори се нафар буд, ва ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро кушта буд; ва ӯ дар миёни се нафар номдор буд.
19
Аз ин се нафар ӯ мукаррамтарин буда, сардори онҳо гардида буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд.
20
Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корнамоиҳои зиёде кардааст; ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд, ва ӯ фурӯд омада, шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.
21
Ва ӯ марди мисриеро, ки намуди бадҳайбате дошт, кушта буд, дар сурате ки дар дасти он мисрӣ найза буд, ва ӯ бо таёқе назди вай фурӯд омада, найзаро аз дасти мисрӣ рабуд ва варо бо найзаи худаш кушт.
22
Чунин аст корҳое ки Баноё ибни Еҳӯёдоъ карда буд, ва ӯ дар миёни он се паҳлавон номдор буд.
23
Аз сӣ нафар ӯ мукаррамтарин буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд; ва Довуд ӯро бар гурӯҳи посбонони шахсии худ таъин намуд.
24
Асоил бародари Юоб дар миёни он сӣ нафар буд; Элҳонон ибни Дӯдӯ аз Байт‐Лаҳм;
25
Шаммои ҳарӯдӣ; Элиқои ҳарӯдӣ;
26
Ҳоласи фалтӣ; Иро ибни Иққеши тақӯогӣ;
27
Абиэзери антӯтӣ; Мабунони ҳушотӣ;
28
Салмӯни аҳӯҳӣ; Маҳарӯи натуфотӣ;
29
Ҳилаб ибни Баанои натуфотӣ; Иттой ибни Рибой, аз Ҷибъои банӣ‐Биньёмин;
30
Баноёҳуи фиръотӯнӣ; Ҳиддой, аз мулки Ҷоаш;
31
Абӣ‐Албӯни арботӣ; Азмовити барҳумӣ;
32
Эльяҳбои шаалбӯнӣ; аз банӣ‐Ешин Йӯнотон;
33
Шаммои ҳарорӣ; Аҳиом ибни Шорори арорӣ;
34
Элифолат ибни Аҳасбой ибни Маакотӣ; Элиом ибни Аҳитӯфали ҷилӯнӣ;
35
Ҳасрои кармилӣ; Фаарои арбӣ;
36
Йиҷъол ибни Нотон аз Сӯбо; Бонии ҷодӣ;
37
Солақи аммӯнӣ; Наҳарои беэрӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;
38
Ирои йитрӣ; Ҷориби йитрӣ;
39
Уриёи ҳиттӣ; ҷамъ сию ҳафт нафар буданд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24