bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Acts 14
Acts 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
1
Дар Иқуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
2
Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои гайрияҳудиёнро шӯронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.
3
Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъҷизот ато мекард.
4
Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.
5
Вақте ки гайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,
6
Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,
7
Ва дар он чо башорат медоданд.
8
Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
9
Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,
10
Бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойхои худ рост биист». Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.
11
Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, ба забони леконӣ гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд».
12
Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ӯ сарвари нотиқон буд.
13
Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.
14
Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро дарронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:
15
«Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои худ гашта, ба Худои Ҳай руҷӯъ намоед, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
16
Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,
17
Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад».
18
Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд.
19
Дар ин миён аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.
20
Вақте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд.
21
Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.
22
Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки «дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем».
23
Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд.
24
Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд
25
Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;
26
Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
27
Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;
28
Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28