bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Acts 3
Acts 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
1
Рӯзе дар соати нӯҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.
2
Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад;
3
Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.
4
Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ синчакунон нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».
5
Ӯ ба онҳо назар дӯхт ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.
6
Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав».
7
Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт,
8
Ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.
9
Тамоми мардум ӯро роҳравон ва Худоро ҳамдгӯён диданд
10
Ва ӯро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, дар даҳшат ва дар ҳайрат афтоданд.
11
Азбаски ӯ ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.
12
Петрус, чун дид, ба он ҷамоат рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дӯхтаед, гӯё ки мо бо кувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?
13
Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед;
14
Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,
15
Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.
16
Ба хотири имон ба исми Ӯ ин шаҳсе ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, исми Ӯ ва имоне ки дар мо аз Ӯст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро баҳшидааст.
17
Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;
18
Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми анбиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.
19
Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад,
20
Ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,
21
То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.
22
Чунончи, Мусо ба падарони мо гуфта буд: „Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед,
23
Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад“.
24
Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ӯ нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгӯӣ кардаанд.
25
Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: „Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост“.
26
Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Acts Commentaries
→
Devotional
Acts Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik (Китоби Муқаддас , ) Study Bible
→