bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Acts 28
Acts 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
1
Вақте ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад.
2
Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.
3
Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.
4
Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бидуни шакку шубха, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда бимонад».
5
Аммо ӯ ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.
6
Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ Худое мебошад.
7
Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ӯ Публиюс ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.
8
Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди ишкам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод.
9
Баъд аз ин воқеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд,
10
Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.
11
Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, савор шудем
12
Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рӯз мондем;
13
Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Пӯтюлӣ шудем;
14
Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем.
15
Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки «Се майхона» ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорӣ кард ва қавидил гашт.
16
Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.
17
Баъд аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд;
18
Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;
19
Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;
20
Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо вохӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам».
21
Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё суҳани баде нагуфтааст;
22
Лекин хоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд».
23
Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисьёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.
24
Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.
25
Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:
26
„Назди ин қавм бирав ва бигӯ: бо гӯшҳои шунаво хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид;
27
Зеро ки дили ин қавм сахт ва гӯшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, то ки онҳоро шифо бахшам“.
28
Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид».
29
Чун инро гуфт, яҳудиён рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд.
30
Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазироӣ менамуд
31
Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28