bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Acts 5
Acts 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
1
Аммо Ҳанониё ном шаҳсе, бо ҳамсараш Сафира, мулки худро фурӯхт
2
Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро оварда, дар иҳтиёри ҳаввориён гузошт.
3
Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулкудс дурӯғ бигӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?
4
Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».
5
Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
6
Ҷавонон бархоста, ӯро барои дафн тайёр карданд ва берун бурда, ба ҳок супурданд.
7
Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд.
8
Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ».
9
Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гӯрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд».
10
Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд.
11
Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
12
Ҳаввориён аломоту мӯъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоқи Сулаймон ҷамъ мешуданд.
13
Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд.
14
Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;
15
Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ӯ бар баъзеи онҳо биафтад.
16
Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифторони арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.
17
Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, барҳостанд
18
Ва ба ҳаввориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андоҳтанд.
19
Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:
20
«Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи ин суханони ҳаётро ба ин қавм бигӯед».
21
Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурӯъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.
22
Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, ҳабар доданд
23
Ва гуфтанд: «Зиндонро бо зҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, касеро наёфтем».
24
Чун саркоҳин ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ окибате дошта бошад.
25
Дар ҳамин вақт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андоҳта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд».
26
Он гоҳ сардори посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд;
27
Чун онҳоро оварда, назди шӯрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода, гуфт:
28
«Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед».
29
Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;
30
Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ӯро ба дарахт овехта, кушта будед:
31
Худо Ӯро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;
32
Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».
33
Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.
34
Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ӯро мӯҳтарам медоштанд, дар шӯрои пирон бархоста, амр дод, ки ҳаввориёнро ба муддати кӯтоҳе берун баранд,
35
Ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед:
36
Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар ба вай ҳамроҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд;
37
Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар замони саршуморӣ бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд;
38
Ва алҳол ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хӯрд,
39
Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед».
40
Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварда, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд.
41
Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд,
42
Ва ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Acts Commentaries
→
Devotional
Acts Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik (Китоби Муқаддас , ) Study Bible
→