bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Hosea 13
Hosea 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 14 →
1
Вақте ки Эфроим сухан меронд, ҳама меларзиданд; ӯ дар Исроил сарбаланд буд; валекин аз боиси Баал гуноҳкор шуд, ва ба ҳалокат расид.
2
Ва алҳол онҳо гуноҳҳои худро афзун мекунанд, ва аз нуқраи худ барои худ бутҳо ва санамҳоро мувофиқи фаҳмиши худ сохтаанд, ки ҳамааш амали санъаткорон аст; дар бораи онҳо мегӯянд: «Одамоне ки қурбонӣ мекунанд, гӯсолаҳоро мебӯсанд».
3
Бинобар ин онҳо мисли абри субҳ хоҳад буд, ва мисли шабнаме ки зуд нест мешавад, ва мисли коҳе ки бод аз хирман мебарад, ва мисли дуде ки аз дудбаро баромада пароканда мегардад.
4
Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам, ва ту ғайр аз Ман худои дигарро нашинохтаӣ, ва ғайр аз Ман наҷотдиҳандае нест.
5
Ман туро дар биёбон, дар замини аз офтоб сӯхтае шинохтам.
6
Онҳо ба хубӣ чарида, сер шуданд; ва чун сер шуданд, дилашон мағрур гардид, ва ба ин сабаб Маро фаромӯш карданд.
7
Пас Ман барояшон мисли шер хоҳам буд, мисли паланг дар сари роҳашон камин хоҳам гирифт.
8
Мисли хирсе ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад, ба онҳо ҳамла хоҳам кард, ва сандуқи синаи онҳоро хоҳам дарид, ва мисли шер онҳоро дар он ҷо хоҳам хӯрд; ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд дарид.
9
Худро ба ҳалокат расондаӣ, эй Исроил, зеро ки такьягоҳи ту фақат дар Ман аст.
10
Пас куҷост подшоҳи ту, то ки туро дар тамоми шаҳрҳоят наҷот диҳад, ва доварони ту, ки дар бораи онҳо гуфта будӣ: «Подшоҳ ва сарварон ба ман бидеҳ»?
11
Дар хашми худ подшоҳе ба ту додам, ва дар ғазаби Худ ӯро гирифтам.
12
Гуноҳи Эфроим гиреҳ баста шудааст, маъсияти ӯ маҳфуз мондааст.
13
Азоби зане ки мезояд, ба сари ӯ хоҳад омад; ӯ писари бохирад нест, вагар на дар вақти таваллуди тифлон бисьёр даранг намекард.
14
Оё Ман онҳоро аз дӯзах раҳо хоҳам кард? Ва онҳоро аз марг халосӣ хоҳам дод? Вабоҳоят куҷост, эй марг? Тоунҳоят куҷост, эй дӯзах? Пушаймонӣ аз чашмони Ман ниҳон шудааст.
15
Агарчи ӯ дар миёни найзор мева медод, боди шарқӣ хоҳад вазид, яъне боди Худованд аз биёбон баланд хоҳад шуд, — ва манбаи ӯ хоҳад хушкид, ва сарчашмаи ӯ валангор хоҳад гардид; вай ганҷинаи тамоми асбоби гаронбаҳоро тороҷ хоҳад кард.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14