bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Hosea 6
Hosea 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 7 →
1
«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;
2
Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард; дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид, ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;
3
Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».
4
Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.
5
Бинобар ин Ман онҳоро ба воситаи анбиё зарба задам, бо суханони даҳони Худ онҳоро куштам, ва доварӣ дар ҳаққи ту мисли нур равшан хоҳад шуд.
6
Зеро ки Ман марҳаматро хоҳон ҳастам ва на забҳро, ва шинохтани Худоро бештар аз қурбониҳои сӯхтанӣ.
7
Валекин онҳо, мисли Одам, аҳдро шикастанд: дар он ҷо ба Ман хиёнат карданд.
8
Ҷилъод, шаҳри бадкирдорон, хунолуд аст.
9
Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад, ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд, зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.
10
Дар хонадони Исроил Ман корҳои зиштро дидаам; дар он ҷо Эфроим саргарми зино шудааст, Исроил палид гардидааст.
11
Барои ту низ, эй Яҳудо, дарав насиб шудааст, ҳангоме ки Ман асирони қавми Худро баргардонам.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14