bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Hosea 7
Hosea 7
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 8 →
1
Чун Исроилро шифо доданӣ шавам, гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид, зеро ки рафторашон козибона аст; ва дуздон медароянд, ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд.
2
Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.
3
Бо шарорати худ онҳо подшоҳро, ва бо суханони козибонаи худ сарваронро хурсанд мекунанд.
4
Ҳамаи онҳо саргарми зино мебошанд, мисли танӯре ки нонпаз онро оташ медиҳад, ва аз вақти хамир кардан то вақти расидани он аз оташ додан бозмеистад.
5
Дар «рӯзи подшоҳи мо» сарварон аз гармии шароб бемор шуданд, ва ӯ дасти худро ба ин масхарабозон дароз кард.
6
Зеро ки онҳо дар камингарии худ дили худро монанди танӯр мегардонанд: тамоми шаб нонпазашон мехобад, бомдодон вай мисли оташи аланганок дармегирад.
7
Ҳамаи онҳо мисли танӯр тафсида, доварони худро фурӯ мебаранд; ҳамаи подшоҳони онҳо фурӯ меғалтанд, ва дар миёни онҳо касе нест, ки Маро бихонад.
8
Эфроим бо қавмҳо аралаш шуда рафтааст; Эфроим ноне гардидааст, ки рӯи дигараш ба оташ баргардонида нашудааст.
9
Бегонаҳо қуввати ӯро хӯрдаанд, ва ӯ намедонад; мӯйсараш низ сафед шудааст, ва ӯ намедонад.
10
Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст, вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд ва Ӯро толиб намешаванд.
11
Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.
12
Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.
13
Вой бар ҳоли онҳо, зеро ки аз Ман дур шуданд; хонавайронӣ бар онҳо бод, зеро ки дар ҳаққи Ман ҷиноят карданд. Ва оё мумкин аст, ки Ман онҳоро раҳо кунам? Ва ҳол он ки онҳо бар зидди Ман суханони дурӯғ гуфтанд!
14
Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд, ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд; барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда, бар зидди Ман исьён мекунанд.
15
Ва Ман онҳоро адаб омӯхта, бозуҳошонро тақвият додам, вале онҳо дар ҳаққи Ман андешаҳои бад карданд.
16
Онҳо руҷӯъ намоянд ҳам, на ба сӯи Худои Таолост; онҳо мисли камони ҳилагар мебошанд; сарваронашон аз боиси забони густохонаи худ ба дами шамшер хоҳанд афтод; ба ин сабаб онҳо дар замини Миср хандахариш хоҳанд шуд.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14